tajikistantimes.com  /  07.05.2019

Мусоҳиба бо санъатшинос, профессор Тамара Абдушукурова

-Мо касбият, асари баланд ва ҳар чизи дигаре мехоҳем, аз театри Лоҳутӣ талаб мекунем, зеро ин театр лаборатория аст. Гарчанде солҳои охир спектаклҳои суст таҳия мекарданд, мана имрӯз «Фирдавсӣ»-ро ба саҳна гузоштанд. Ин дастовези онҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

-Ман бисёр хурсанд шудам, ки ин театр ба Фирдавсӣ муроҷиат кард. Хурсанд шудам, ки баъди солҳо театр Султон Усмонов барин режиссёр пайдо кард. Ман медонам, ки ӯ ба мушилиҳо дучор шуд, аммо аз ӯҳдааш баромад. Гарчанде, ки ҳоло асар каме кор мехоҳад. Ба ман «Фирдавсӣ»-и Қурбони Собир писанд омад, зеро ӯ ҳам театрро  медонад ва ҳам адабиётро дарк мекунад. Нақшҳои Исфандиёр Ғуломов ва  Муҳаммадҷон Шодиев низ хуб баромадаанд. Актёрони ҷавон, албатта, каме сусттар буданд, зеро онҳо кам мутолиа мекунанд ва кам заҳмат мекашанд. Шоҳҷоизаи «Парасту»-ро ба даст овардани ин асар ҳам бесабаб нест.

-Аз спектаклҳое, ки чанд рӯзи охир дар «Парасту» дидем, кадомаш ба шумо маъқул шуд?

-«Вақте ки кӯҳҳо сукут мекунанд»-и Театри ҷавонон дар таҳияи Нозим Меликов аз рӯйи асари Чингиз Айтматов, «Фирдавсӣ»-и Театри Лоҳутӣ, «Тартюф»-и Маяковский, ва «Қори ишкамба»-и Конибодом. Ман дар инҳо ҳаёти зиндаро дидам.

-Вақте, ки режиссёри Театри Конибодом  Муҳиддини Музаффар барои спектакли «Қорӣ- ишкамба» дипломи ҷойи аввалро мегирифт, гуфт: «Ман ифтихор мекунам, ки театре, ки бинои валангор ва ҳамагӣ 250 ҳазор сомонӣ бюджети солона дорад, дар радифи театри опера ва балет, ки дар ин қасри бошукӯҳ фаъолият мекунад ва бюджети солонааш миллион аст, сазовори ҷойи аввал шуд»… Шумо ин лаҳза чӣ эҳсос кардед?

-Ман аз аҳволи бади ин театр огоҳам. Дар бинои вайрона 25 нафар кор мекунанд, ки ҳамагӣ даҳ нафарашон ҳунарпеша ҳастанд.  Мо бояд ба ин театр таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунем. Зеро он Тӯҳфа Фозилова, Лутфӣ Зоҳидова, Комил Ёрматов барин  ҳунарпешаҳои бузургро ба миллати тоҷик ҳадя кардааст ва баъдан номи Тӯҳфа Фозиловаро дорад. Мо чанд сол пеш махсус як студия қабул карда, чор сол дарс дода, се спектакли дипломӣ таҳия карда, ба ин театр фиристодем. Бо вуҷуди душвориҳо ин театр ба «Парасту» ҳамеша спектакли арзишманд меорад.

Ҳукумати Конибодом бояд ба ин театр таваҷҷуҳ кунад ва бо ҷалби тоҷирон вазъи онро дуруст намояд. Мо аз ин театр умеди калон дорем, зеро онҳо хоҳиши кор кардан доранд ва ин аз ҳама муҳим аст. Ман хеле афсӯс хӯрдам, ки ҳайати ҳакамон ба иҷрокунандаи нақши «Қорӣ-ишкамба» Хушнуди Дадо дар баробари дигарон ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро надоданд…

Мусоҳиб:

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Мусоҳибаи пурра дар сомонаи tajikistantimes.com