Имсол бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 90 солагии кинои Тоҷик ва се соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори 2-юм, Ҷашнвораи телевизионии филмҳои мустанад “Симо” дар ш. Душанбе баргузор шуд.
Ин ҷашнвора бо ибтикори МД Телевизиони Синамо роҳандози шуда маросими ҷоизасупори он санаи 16-уми ин моҳ дар Кохи Суруш ҷараён дошт. Барои ширкат дар ҷашнвора наздик ба 50 филм ворид шуда аз он танҳо 14 тояш соҳиби ҷоизаҳои кинофестивал гардиданд.
Ҷоизаҳои таваҷҷуҳи тамошобин, ҳакамон, бозёфт, беҳтарин наворбардор, тадвин ва эффектҳои компютери муаллиф аз қабили инҳо буд. Шоҳҷоиза низ, ки зеби ҳаммаи ҷашнвораҳост ва онро филми “Марди роҳ”-и коргардон Носир Саидов соҳиб шуд.
Филми мустанад-эссеи коргардон Далер Имомалӣ аз рӯзгори ҳунарманди театри ш. Конибодом Умарали Сатторов қисса мекунад ва сазовори ҷоизаи “Бозёфт” гардид.
Далер Имомалӣ вақти суханрони дар маросими гирифтани ҷоиза дар назди ҳозирин изҳори миннатдори ба роҳбари МД “Суғдсинамо”, театри ш. Конибодом ва МД Телевизиони Синамо гуфт, ки шароит месозанд барои сохтани филмҳои мустнад. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки масъулини соҳа ба ҷавонони тоза рӯи кор омада бовари кунанд ва шароит фароҳам биёранд мо Оскар ва Канн-ро ба Тоҷикистон меорем.
“Умар-ако” нимаи баҳори имсол бо ҳузури қаҳрамонаш дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои мусалмонии ш. Қазон иштирокчии ҷашнвора буд. Аввалҳои моҳи май бошад дар толори театр филм бо ҳузури раиси ш. Конибодом ва аҳли мақомотчигии шаҳр экран шуд. Тамошобинони шаҳри Конибодом филмро хуб пазирои карданд ва туҳфаҳои хотиравию маишӣ ба қаҳрамони филм Умаралӣ Сатторов аз тарафи раиси ш. Конибодом супорида шуд.
Коргардони филм тасмим дорад давоми як соли дигар филмро ба ҷашнвораҳои дохилу хориҷ фиристад ва ба ин восита ҳунарманди теари мо ва шаҳри Конибодомро ба ҷаҳониён зарраеҳам бошад муаррфи намояд.
Ба умеди рушди театр ва синамои миллӣ.