Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бори нахуст Фестивал – аксияи “Театр барои кӯдакон”-ро роҳандозӣ намуд.

Ташаббускорон ҳадафи ин падидаи муҳими фарҳангиро ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр ва бо ин роҳ тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ арзёбӣ мекунанд.

Фестивал – аксияи “Театр барои кӯдакон” бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, намоишномаи аввалини фестивал дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди тамошобинони хурдсол гардид.

Дар рӯзи нахустини баргузории фестивал-аксия дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом, ки 1 июн сурат гирифт, таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди санъати театрӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки доир гардидани фестивал-аксияи вижаи театрӣ барои кӯдакон баҳри ҷалби наврасон ба соҳаи санъат мусоидат хоҳад кард.

Ҳунармандони театр дар рӯзи якум ба сокинони Канди куҳан намоишномаи “Гушдарози ҳилагар”–ро намоиш доданд ва тамошобинон намоишномаро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо карданд.

Дар рӯзи дуюми Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” намоишномаи “Маликаи шӯх” ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишномаро ҳунармандони Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешниҳод намуданд. Боиси зикр аст, ки фестивали мазкур то 4 июн идома ёфт.

Театр дорои қудрати бузурги таъсиррасонӣ буда, ҷанбаҳои тарбиявии намоишномаҳои ба саҳна гузошташуда барои тарбияи кӯдакон таъсири амиқ мерасонад. Рафтан ба театр ва гирифтани ғизои маънавӣ аз намоишномаҳо дар гузашта роиҷ буд ва ин раванд имрӯз дубора эҳё гардида, ташкили чунин фестивалҳо барои дар замири наврасон бедор намудани муҳаббат нисбат ба санъати театр хоҳад гардид.