Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова аз олам чашм пӯшид.
Истад Мамадҷонова соли 1953 таваллуд шуда, бо ихтисоси ҳунарманди театр ва синамо солҳои зиёд дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом кору фаъолият бурдааст.
Мавсуф дар намоишномаҳои “Нурхон”, “Тошболтаи ошиқ”, “Зафар ва Заррина”, “Модар –Ватан”, “Ваҳваҳабонувон”, “Модар, ман зан мегирам” ва филмҳои “Ормонҳо”, “Паймон”, “Тангно”, “Маро бубахш” нақш офарида, дар дилу дидаи тамошобинон ҷойи худро пайдо карда буд.
Мавсуф солҳои зиёд роҳнамои ҷавонон буда, дар рушди театру синамо нақши мондагори худро гузоштааст.
Аҳли эҷоди Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба наздикону пайвандони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил мехоҳад.