Ин созмони байналмилалии мӯътабар дар риштаи фарҳанг як қатор лоиҳаҳои ҷолибро дар Тоҷикистон пайгирӣ менамояд. Ҳадафи ниҳоӣ ҷонибдорӣ намудани навгониҳо дар олами синамо ва театр, мусиқӣ, музей ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Бо театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом шуруъ аз соли 2013 ҳамкорӣ менамояд ва боиси таҳияи спектаклҳои сатҳи ҷаҳонии “Суди девонагон” , “Ваҳвабонувон” ва “Қобил” бо иштироки коргардон Авлиёқулӣ гардида дар байни театрҳои Осиёи Марказӣ эътироф шудааст.