Имрӯзи Театр

          Ибтидои соли 2000-ум Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев дар назди театр студияи акёрони наврасро ташкил намуд, ки ба он 15 нафар наврасони хушзавқ ҷалб шуданд.

Соли 2004 аз ҷумлаи дастпарварони ин студияи наврасон 5 нафар ба Донишкадаи санъат роҳхат гирифтанд. Сегонаи беҳтарини  театр ҳунарпешагони ҷавони соҳибистеъдод  Муҳиддини Музаффар, Фарҳод Ғаффорпур ва Ғайрат  Қодиров бо муваффақият пас аз хатми Донишкадаи санъат соли 2009  баргашта хислати замонавии театрро

касб карданд.

Дар театр Театри Конибодом аз соли 2016 такон ва ҷунбиши сахти равониву маънавӣ ба амал омада дар натиҷа Театри Конибодом аз як театри музофотии фаромушшуда ба яке аз фаолтарин театрҳои Ҷумҳурӣ мубаддал ёфт.

Пас аз ба саҳна гузоштани намоиши “Суди девонагон” аз рӯи асарҳои “Ҳамлет” ва “шоҳ Лир”-и Шекспир дар коргардонии коргардони сатҳи ҷаҳонӣ- Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ театр имкон пайдо кард, ки дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмиллалӣ фарҳанг, забон,  расму оину анъанаҳои миллӣ, рақсу суруду мусиқиҳои тоҷикӣ, хулоса мероси бойи маънавии халқи тоҷикро дар сатҳи байналмиллалӣ муаррифӣ ва ҳимоя намояд.

Моҳи сентябри соли 2016 “Суди девонагон”-ро барои иштирок ба 9th Shanghai International Experimental Theatre Festival (Shanghai, China) даъват намуданд.

Ҳамин тавр моҳи октябри 2016 дар:

Open central Asia Art Festival (London, United Kingdom),

Моҳи феврали 2017 дар

19th Bharat Rang Mahotsav (Delhi, Hyderabad, India)

Ҳунарнамоӣ намуда ҳунармандони театр бо илҳому энерҷии нав ба офаридани намоиши “Қорӣ-ишкамба” пардохтанд.

Намоиши “Қорӣ-Ишкамба” аз рӯи асари “Марги судхӯр”-и С. Айни дар таҳияи Муҳиддини Музаффар офарида шуд.

Намоиш дар шакли театри анъанавии миллии тоҷикӣ- театри масхарабозон (театри хиёбонӣ) офарида шуда се нафар дорбозчӣ (Хушнуди Дадо, Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов)  намоиши “Қорӣ-ишкамба”-ро бо доира ва рақсу суруду таронаҳои миллӣ оро дода иҷро мекунанд.

Намоиши “Қорӣ-ишкамба” ҳамчун беҳтарин намунаи инъикоскунандаи миллат ва расму русуму фарганги миллӣ ба воситаи театр моҳи сентябри соли 2017 дар Ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои хиёбонии “Место в городе” дар Бишкеки Қирғизистон баҳои баланд гирифт.

Моҳи апрели соли 2019 Намоиши “Қорӣ-Ишкамба” дар озмун фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ Парасту-2019 соҳиби ҷои аввал гардид.

Соли 2021 аҳли эҷоди театр намоишномаи “Садои Қу”- ро дар таҳияи коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ омода намуданд, ки дар рӯзи байналмилалии театр 27-уми март нахустнамоиши он сурат гирифт. Намоиши мазкур дар давраи пандемия бо таври онлайн таҳия шуд. Коргардон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ дар Лондон истода бо ҳунармандони театр кор кард. Намоиши “Садои Қу” аз руи навиштаҳои нависандаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба монанди А. П. Чехов, Ю. Шекспир, А. Пушкин, Грибоедов, К.Яшин ва Ҳ. Ғулом рӯи саҳна омада, аз тарафи тамошобинон хуб истиқбол шуд. Мусиқии дар намоиш истифода шуда аз оҳангсозони мондагор С. Бах, Малер ва Чайкоский аст ва дар саҳна ҳамаги се ҳунаранди ҷавони театр – Фарҳод Ғаффопур, Фаррух Ваитов ва Ғайратҷон Қодиров нақ офаридаанд.

Намоишномаи “Садои Қу” дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту — 2021», ки 25 майи соли 2021 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, иштирок карда, соҳиби «Шоҳҷоиза» шуд.

Ҳоло аҳли эҷоди театр бо дили гарму илҳоми тоза фаолияти эҷодии худро идома дода барои омода кардани намоишҳои ҷолиб омодагӣ дида истодаанд.