Инак, санаи 13 феврал дар бинои театри шаҳри Конибодом намоишгоҳи мусаввирони ҷавони Тоҷикистон таҳти унвони “Корвони хаёл” оғоз ёфт. Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи ин рӯйдоди фарҳанги намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимитияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом ва санъатдӯстону рассомон иштирок доштанд. Давоми як хафта Театр дар ихтиёри дӯстдорони санъати тасвирӣ аст, гуфт Ғайрат Қодиров, аз пагоҳӣ то бевақтии шаб ҳаводорони олами зебоӣ метавонанд аз ин тасвирҳои ҷолиб ройгон тамошо кунанд.
Хурду калон бо шавқи том аз ин намоишгоҳ боздид намуда, ба созмондиҳандагони ин тадбири фарҳангӣ арзи сипос намуданд. Дар доираи намоишгоҳи мазкур бештар аз 50 расми 10 рассоми ҷавони ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шудааст.
Пас аз Конибодом Корвони хаёл ба самти шаҳрҳои кадимаи Истаравшану Бохтар равона мешавад.
Мархабо, аз Корвони хаёл баҳраёб гардед ва ғизои маънавӣ гиред!
Зайнуддин Орифӣ