Корвони хаёл – Нахустин намоишгоҳи мусаввараҳо дар Театри Конибодом.

Корвони хаёли мусаввирони ҷавони Тоҷикистон – дар намоишгоҳи мусаввараҳои сайёр, ки аз 13 то 20 феврали соли 2019 (аз 09-00 то 16-00) дар Театри Конибодом баргузор мегардад, ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Дар намоишгоҳ баргузидатарин мусаввараҳои 10 тан аз рассомони ҷавони кишвар пешкаши ҳаводорони санъати тасвирӣ карда мешавад. Аз ҷумла:

Наим Мӯъминов,

Далер Усмонов,

Мақсуд Мирмуҳаммадов,

Мизроб Холов,

Евгений Фоменко,

Абдуҷаббор Раҳматов,

Тимур Маҳкамов,

Носир Мӯъминов,

Ғайрат Усмонов,

Фарҳод Сатторов.

Корвони хаёли рассомони ҷавон пас аз Конибодом дар шаҳрҳои Истаравшан ва Бохтар низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.