Театри шаҳри Худоҳо

 

Якуми январи соли 1990 дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе театри таҷрибавии тамошобини ҷавон “Аҳорун” таъсис шуд.

Рӯзи 30-юми январи ҳамон сол “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, нахустин намоишномаи ин театр Гран-Прии нахустин Ҷашнвораи театрҳои тамошобини ҷавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ва дар моҳи ноябри ҳамон сол дорандаи Гран-Прии “Наврӯз 90” дар Ҷашнвораи театрии минтақаӣ шуд.

Намоишномаҳои Фаррухи Қосим ва театри “Аҳорун” тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза, ҷараёне нав дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистонро мушаххас кард.

“Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Фаридун” ва “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи намоишномаҳои ин театр дар таҳияи Фаррухи Қосим, барандаи ҷоизаҳои зиёде дар ҷашнвораҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шуданд.

Театр-студияи “Аҳорун”, ки аз соли 2007 бо номи Муҳаммадҷон Қосимов – падари Фаррухи Қосим – Муҳаммадҷон Қосимов ёд мешавад.

Театр мавсими 29-ми худро санаи 29-ми сентябр бо намоиши Ватандорӣ оғоз намуд. Намоиши “Ватандорӣ”дар асоси ашъори Лоиқ ва дар таҳияву иҷрои Фирдавси Қосим рӯи саҳна омада дар ҷашнвораи Парасту-2019 соҳиби ду ҷоиза: Беҳтарин нақши мардона ва беҳтарин ороиши мусиқӣ гардид.

Чунон, ки Фирдавси Қосим телефонӣ иттилоъ дод ин мавсим онҳо ният доранд, ки аз рӯи асари шоҳномаи устод Фирдавсӣ дар омехтаги бо Макбети Шекспир як намоишномаи ҷадидро дар таҳияи худи Фирдавс рӯи саҳна хоҳанд овард.

Ин театр ба тамошобин бовар ба худ ва ба шикастнопазирии Зебоӣ, Меҳр ва Ҳунарро тақдим мекунад.