Театр дар канори руди Вахш

Маркази Вилоят, шаҳри пур аҳолӣ, дар канори руди Вахш. То соле пеш ном дошт Қурғонтеппа ва акнун бо далоили таърихи ном гирифта  Бохтар ва маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон дониста мешавад. Дар 100 километраи дури аз пойтхат ҷой гирифтааст бо аҳолии беш аз 100 ҳазора. Ҳоли ҳозир дар шаҳр ду театри касбӣ фаъолият мекунад. Театри арусаки  соли пеш таъсис ёфт. Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов, ки оғози фаъолияташон аз соли 1979 маншаъ мегирад.

Дар саҳнаи театр намоишҳои «Лаку Пак»-и А. Қодирӣ ва И. Усмонов, «Тавҳид»-и С. Умар, «Бўрёкўбони Харгўш»-и Х. Давлатов, «Кулвори сеҳрнок»-и А. Файзиев, «Аскарҳо»-и М. Варфаламеев ва даҳҳои намоишномаҳои сатҳи ҷаҳонӣ таҳия шудааст. Онҳо қариб ҳамасола як то ду сафари ҳунари ба хориҷ аз кишвар мекунанду аз ҷашнвораҳои хориҷ ҷоизаҳои “Беҳтарин нақши мардона дар намои аввалу дуюм” мегиранд. Дар ин театр ҳунармандони дорои унвонҳои мардумӣ, шоиста ва аълочиёни фарҳанг кор мекунанд. Имсол онҳо дар Ҷашнвораи театрҳои касбӣ “Парасту”-2019 бо намоиши “Карим девона” миёни 18 театр сазовори ҷойи 3-юм шуданд.

То соле пеш роҳбарии театрро Ҳунарманди мардумии кишвар Аловуддин Абдуллоев ба уҳда дошт. Акнун наздик ба як сол мешавад ин зимаро ҳунарманди ҷавон Отахон Саидзода ба уҳда гирифтааст. Отахон Саидзода ба мо гуфт:- Мавсими ҷашни дорем, яъне 40-умин мавсимро ба намоиши “Салом падарони азиз” дар коргардонии Муҳаммад Шомуддинов шурӯъ мекунем. Ин мавсим бояд баъди 20-уми сентябр парда ба руи тамошобинон боз кунем.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ду сол қабл сохта ба истифода дода шудаст.