Театр дар шаҳри Офтобӣ

Шаҳри офтобӣ, миёни заминҳои паҳновару шоҳроҳи Бохтар-Кулоб ҷойгир шуда Данғара.

Даврони Истиқлол маркази ноҳия дубора обод шуда ба як шаҳраки замонавӣ табдил шудааст. Роҳҳои мумфарш, чароғҳои фурузон ва мактабу донишгоҳу боғҳои фароғатӣ. Ҳукумати Ҷумҳури баъди ба даст овардани Истиқлолият зарурати ташкили як театри касбии дигарро дар Вилояти Хатлон дарк карда онро сар аз соли 2003 дар шаҳраки Данғара таъсис доданд. То имрӯз аҳли эъҷод намоишҳои  «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷабборов, «Афсона мехоҳам»-и Ҷ.Қуддус, «Соли нав дар Яхобод»-и Ҳ.Салимов ва И.Сафаров. «Бойи золим ва хурўси ҷабрдида»-и Ш. Солеҳов. «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳриро руйи саҳна оварда ҷоизаву унвонҳо низ овардаанд ба театр.

Мавсими 15-уми Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ -драмавии н. Данғара санаҳои 18-ум то 20-уми сентябр шуруъ мешавад. Мо тасмим дорем ин мавсимро ба намоиши “Баҳори Фаронса”-и Тоҳири Маҳмадризо шурӯъ кунем, гуфт ба мо вақти суҳбати телефонӣ директори театр Раҳмонзода Илҳом.

Ёдовар мешавем, ки бо намоиши мазкур ҳунармандони театр иштирокчии Фестивали театрҳои касбӣ “Парасту” 2019 мебошанд. Сазовари ҷоизаи “Беҳтарин драммаи саҳнавӣ” шуданд. Ин намоишномаро коргардон Абдушукур Ҷураев таҳия кардааст.