Театре дар соҳили Сайҳун

Ё “Табиби паррон”-и ҷавон парвозаш ба руи олам.

Дар оғози солҳои 30-юми қарни пор дар маркази вилояти собиқ Ленинобод ва акнун Суғд шаҳри Хуҷанд зарурати таъсиси театр ба вуҷуд омад. Аввалин ҳайати театр аз ҳисоби омузгорони мактаби мусиқии шаҳр пур карда шуд. Нахустин намоишҳои ҳирфави руи ин саҳна бо номи “Ғалаба” ва “Ду комунист”-и Комил Яшин буданд, ки аз мавзуҳои ҷанги шаҳрвандии аввали аср мегуфт. Театр машҳур шуд он замон бо номи Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Пушкини ш. Хуҷанд, ки ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ гузашт. Шакли дурусти навишти номи театр ҳоло чунин ёд мешавад. Театри Давлатии Мазҳака Мусиқавии  ба номи Камоли Хуҷандӣ. Дар репертуари театри мазкур аз асарҳои драматургони ҷаҳонӣ сар карда то Осиёву дохили кишвар таҳия шудааст.  Сакби намоишҳо ба ҷуз мусиқиву комедӣ, мелодрамму драмма ва ҳатто барои кӯдакон низ ҳаст. Сафарҳои аҳли ҳунари театр давоми ин ҳама солҳо ба кишварҳои Фаронса, Лаҳистон, Ҷопону Чин, Ҳиндустону Покистон ва Афғонистон буд.  Дар театр то инвақт коргардонҳое чун Ислом Саломов, Барзу Абдуразоқов, Сайрам Исоева, Қурбон Бобоҷонов, Суҳроб Шехов ва дигарон кор кардаанду карда истодаанд.

Соли 1961 бо роҳхати ҳукумати марказӣ онвақтаи Тоҷикистони Шӯравӣ  як гуруҳи калони хатмкунандагони Донишгоҳи Оллии театри ш. Маскав ба ин театр фиристода шуданд. Баъди як то ду соли кори қисми зиёд онҳо дубора ба маркази кишвар онвақт Сталинобод баргаштанд.

Баҳори имсол баъди ширкат дар ҷашнвораи театрҳои кабии “Парасту”-2019 онҳо бо намоиши “Табиби паррон”-и коргардон Суҳроб Шехов ба ҷашнвораи байналмилалии “Навруз” ба шаҳри Қазони Тотористон рафтанд. Дар суҳбати телефони ба мо саркоргардони театр Суҳроб Шехов гуфтанд, ки ният дорем бо дастгирии Мақомоти Иҷроияи Ҳокимати Давлатии Вилояти Суғд давоми моҳҳои  октябр ва ноябр ба ду ҷашнвораи дигар ба кишварҳои Қазоқистону Туркменистон равем. Дар зимн ҷои зикр аст, ки баъди сафари аҳли театр ба ш. Қазон аз тарафи раиси Вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳунармандон як мошини тамғааш “Мерседес-Спринтер” туҳфа карда шуд. “Табиби паррон”-парвозаш баъд аз 27-уми сентябр ба як қатор шаҳрҳои Узбекистон идома меёбад. Онҳо ният доранд ин намоишро барои бинандагони шаҳрҳои Тошкент, Самарқанду Бухоро иҷро кунанд.

Суҳроб Шехов дар идомаи суҳбат ба мо гуфтанд мавсими 86-уми театр бо намоиши нав бо номи “СМС”  оғоз меёбад. Муаллифи асар Денис Смирнов буда онро Ҷумъа Қудус тарҷума кардааст. Аз руи барномаҳои кории мо тақрибан нимаи моҳи октябр мавсим бо намоши нави “СМС”  шуруъ мешавад.

Суроғаи театр  барои кулли дустдоронаш ошност. Рӯ ба руи осорхонаи марказии шаҳр ва боғи Камоли Хуҷандӣ.