Театри ростин дар Кӯлоб

Бо таърихи беш аз 2700 сола, бо дили пур аз муҳаббат ва ростқавливу ростгӯӣ, гоҳо ин рафторашон боиси ранҷиши азизон мешавад аммо рост мегӯянд ба руят. 2700сол пеш мо дар як гушаи диёр бо номи Кӯлоб тамаддун доштем, фарҳанг меофаридем. Шаҳр ва зиндагии шоиста доштем. Дар ҷое, ки шарҳ ҳаст яқинан онҷо ҳунар, санъат ва фарҳанг буд. Театр дар ҳама давру замон бо ҳар шаклу пешниҳод хоси мардуми шаҳрнишин буду ҳаст.

Дар шаҳри Кулоб, ки даврони Шӯравӣ маркази вилояти Кулоб буд аз солҳои 30-юми қарни пор Театри касбӣ фаъол аст. Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода.

Дар баробари ҳунармандону коргардонҳои саршиноси кишвар чун Ҳабибулло Абдуразоқов, Мирзоватан Миров рӯи ин саҳна ашхоси фарҳангофаре чун Одина Ҳошим, Давлатман Холов, Сурайё Қосимова ва духтари эстрадасарои ин оила Шабнам Сурайё низ бори аввал рӯи саҳнаи ҳирфавӣ инҷо баромад кардааст.

Аҳли эъҷодии театр то имрӯз иштирокчии ҷашнвораҳои театрии хориҷу дохил мебошанд. Иштирок барои онҳо басандагӣ намекунаду ҳатман ҷоиза низ меоранд.

Имсол мавсими 81-уми театрро баъди 20-уми сентябр бо намоишномаҳои “Баҳори ваҳдат” бо муаллифии Ҷумъа Қудус ва “Дар кӯчаҳои қисмат”-и Ато Ҳамдам шурӯъ мекунем. Гуфт дар суҳбат бо мо саркоргардони театр Раҳмоналӣ Одиназода. Ёдовар мешавем, ки ҳарду намоиш бо коргардонии Одиназода руи саҳна омадааст.