Модари театрҳои тоҷик

Театри давлатии академии драма ба номи А.Лоҳутӣ нахустин театри касбӣ дар Тоҷикистон аст, ки онро рамзан “Модари театри тоҷик” ҳам мегӯянд.

Театр кори худро соли 1929 шурӯъ кардааст ва имсол 90-умин мавсими театрии худро ҷашн мегирад.

Мавсими нави ҷашниро театр бо намоиши “Фирдавсӣ” санаи 27 августи 2019 соати 18-00 бо тантана шурӯъ хоҳад кард. Намоиши “Фирдавсӣ” аз рӯи асари ҳамноми Сотим Улуғзода дар коргардонии саркоргардони театр султон Усмонов офарида шудааст. Бояд қайд кард, ки намоиши “Фирдавсӣ” дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ: Парасту-2019 соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.

Пас аз оғози мавсим аҳли эҷоди театр нақша доранд намоиши “Диоген”-ро рӯи саҳна оранд. “Диоген”-ро низ саркоргардони театр Султон Усмонов таҳия хоҳад кард. Коргардон Султон Усмонов то ин вақт дар театрҳои Опера ва Балети ба номи С.Айнӣ, театри Ҷавонон ва Театри тамошобини навраси шаҳри Алматои Қазоқистон вазифаи саркоргардониро ба ӯҳда дошт.