ТЕАТР дар қалби Душанбе

Арусак ё лухтакбозӣ, ки дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон онро ҳаргуна ном мебаранд таърихи беш аз ҳазор солаҳо дорад миёни кӯдакону наврасони мо. Аз инҷост, ки насли наврас бештар аз ҳама ин навъи театрро интихоб мекунад. Дар таърихи гузаштаи мо аз доштани чунин  театрҳо борҳо ёд шудааст. Аммо аксарияти ин гурӯҳҳо бо доштани чанд арусак ва латтапорае аз деҳа ба деҳа гашта миёни саҳрову куҳу пушта  як гушаро ба худ ихтиёр карда намоиш иҷро мерафтанд. Баробари омадани Шӯравӣ ин навъи ҳунар низ чун санъати театрӣ дар кишвари мо пазируфта шуд ва руи саҳнаи касбӣ рафт.

7-уми сентябри соли 1987 дар ш. Душанбе ягона театри Лухтак ба кор шурӯъ кард. То имрӯз ҳунармандони театр наздик ба 100 намоишнома руи саҳна бурдаанд. Аҳли эъҷодии театри  дар ҳамкори бо коргардонҳои хориҷ низ таҷрибаҳои калон доранд. Яке аз иқдомҳои неки ҳунармандони театри Лухтак ташкил ва гузаронидани Ҷашнвораи театрҳои арусак “Чодари хаёл” мебошад, ки сол дар миён дар кишвари мо баргузор мешавад. Мо давоми 7 давраи ин ҷашнвора шоҳиди ташрифи меҳмонҳо бо намоишҳои арусаки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дуртар аз он будем. Дар ин баробар худи онҳо низ ҳамасола то ду се сафари хориҷ аз кишвар мекунанд, ки бо ҷоиза низ бар мегарданд. Бояд қайд кард, ки иқдоми қабли дигари театр доштани студия дар назди театр мебошад, ки баъди ба воя расидани онҳо аксарияташон чун ҳунарманд дар ҳамин театр  ба кор медароянд ё барои таҳсил дар ин соҳа ба Донишкадаҳои дохилу хориҷ ба рои таҳсил мераванд.

Мавсими 35-уми театри Лухтак санаи 5-уми сентябр соати 10 дар бинои театр баргузор мегардад.  Намоиши аввалини ин масвим “Маша ва Хирс” аз руи афсонаҳои русӣ мебошад, ки коргардони собиқадори театр Зафар Ҷаводзода таҳия кардааст. Ин намоиш дар охири мавсими қаблӣ  руи саҳна рафта буд ва барои тамошобинон ҳоло нав ба ҳисоб меравад, гуфт дар суҳбати телефони ба мо муовини Театри Лухтак, Наргис Розиқова.

Ёдовар мешавем, ки аҳли театр баъд аз ҷашни Истиқлол тасмими нахустнамоиши “Се хоҳаракон”-ро доранд ва он аз руи афсонаҳои халқии тоҷик таҳи шудааст. Бинои театр  дар ш. Душанбе, кучаи Шоҳтемур 54/1 ҷойгир аст. Паҳлуи боғи “Кудакон”. Ворид шудан ба намоишҳои театр аз 5 сомонӣ шурӯъ шуда то 10 сомонӣ мерасад.