ТЕАТР дар бинои муқаддас

Театри русӣ драмавии ба номи Вл. Маяковский дар ш. Душанбе аз солҳои аввали таъсисёбии ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ фаъолият мекунад. Барои ташкил ва пешбурди кори театр як гуруҳи ҳунармандон дар солҳои 30-юми қарни пор аз Маскав қалби СССР омада буданд. Бинои аслии театр дар маркази шаҳр қарор дошт. Дар ин бино аввалин театри касбии Тоҷик 7-уми ноябри соли 1929 парда кушода буд. Аввалин намои синамо низ 16-уми октябри ҳамон сол дар ин бино экран шуд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари 7-уми Шуравӣ аз ҳайати Узбекистон берун шуданаш низ дар ин бино эълон шуда буд. Хонаи радиои низ онҷо буд. Макони муқаддас барои мардуми Тоҷикистон дониста мешуд.

Ҳунармандони театри мазкур се соли охир иҷоранишини ошёнаи 3-юми Театри ба номи А. Лоҳутӣ мебошанд ва онҳо дар руи саҳна бурдани намоишу гирифтани ҷоизаҳо аз дигар театриҳои кишвар кам нестанд. Мухлисони театр низ ҳунармандони театрро фаромуш накардаанду ҳатман барои тамошои онҳо мераванд. Баъди тахриби бинои асосии театр дар марказӣ шаҳр ҳоло Ҳукумати кишвар тасмим дорад дар бинои собиқ кинотеатри Тоҷикистон дар барои аҳли ин театр бинои нав сохта ба истифода диҳанд. Тарҳ ва сохтумони ин бино дар ҳоли анҷомёбист.

Имсол ҳунармандони театри  ба номи Вл. Маяковсий дар ҷашнвораи театрҳои касбӣ “Парасту”- 2019 бо намоишномаи “Тартюф”-и Ж.Б. Молер дар коргардонии Баҳодур Миралибеков иштирок карданд. Ҳунарманд ва коргардони театр Хуршед Мустафоев дар ҷашнвора ба гирифтани “беҳтарин нақши мардона” созовор дониста шуд. Дар зимн мегуем, ки театри мазкур миёни театрҳои Тоҷикистон солҳои 90-ум ва 10-солаи аввали 2000-ум яке аз серҷоиза ва серсафартаринҳо ба ҳисоб меравад.

Онҳо мавсими 82-уми худро бо намоиши “Подлеки Майсары” дар коргардонии Хуршед Мустафоев санаи 07-уми сентябр соати 16 пешвоз мегиранд. Дустдорони ин театр метавонанд он рӯз ба ошёнаи сеюми театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ташриф биёранд. Саҳфаи Фейсбукии театр барои иттилои бештар гирифтан ин рақамҳоро дар ихтиёри мо гузоштааст. 907617891
918617891

Хабари охирине, ки мо аз театр мешунавем аҳли эъҷод дар мавсими нав паи таҳияи намоишноми “Ҳамлет”-и Шекспир бо коргардонии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков мебошанд.