Театре бо дили поку бе кина

 

Кӯдакиву наврасӣ даврае ҳаст, ки инсон ташаккул меёбад ва барои сохтан ё сухтани ояндааш саҳм мегузорад. Барои онки як шахс созандаи ҷаҳон оянда бошад ӯро дар ин давра роҳнамое лозим аст.  Бешак  дар ин давра моро мебояд барои сохтани як ИНСОН китоб хонд, театр рафт, филми тасвирию бачагона дид ва ашхоси покдилу хушрафтор ҳамнишин буд.

Театри бачагона, арусак ва хосса театрҳои тамошобини наврас саҳме бештаре метавонанд гузошта. Зеро аксари ҳунармандони чунин театрҳо аз миёни ҳамнаслонашон руи саҳна меоянд ва бо забону рафтор ва дарди худи онҳо аз саҳна ҳарф мезананд. Яке аз чунин гурӯҳи эъҷоди соли 1998 дар маркази вилояти Суғд таъсис ёфт. Ҳоло театри Тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд ба номи Одилҷон Назаров мебошад.

Дар театр солҳои сол коргардони шинохтаи театр шодравон Ислом Саломов чун таҳиягар кор кардаасту шогирдони зиёде дар студияи назди ҳамин театр тарбия кард. Аз коргардонҳои шинохтаи кишвар бошад барои онҳо ҷойи ифтихор аст, ки Барзу Абдураззоқов дар солҳои аввали кориашон онҷо намоише руи саҳна бурдааст.

Хубтарин дастоварди онҳо дар Ҷашнвора-Озмуни Театрҳои касбӣ “Парасту-2019” мебошад, ки бо намоиши “Дили модар” сазовори мақоми 3-юм гаштанд. Коргардонии намоишро саркоргардони ҷавон Эҳсон Ҳомидов ба уҳда дошт.

13-уми сентябр соати 11:00 мавсими 22-юм бо намоиши “Харгушаки ҷасур”-Лора Веба шуруъ мешавад. Барои ихлосмандони театр мерасонем, ки намоиши ҷадид аст ва коргардонии норо Эҳсон Ҳомидов ба уҳда дорад ва дар зимн дар суҳбати телефони ба мо Эҳсон гуфтанд, умедворам барои тамошобинон хуш меояд.

Иттилои бештаре, ки аз театр дорем дар ин мавсим ҳунарманди театр Мирзоюсуф Ахмедов хоҳиши намоиши ҷадидро руи саҳна бурдан дорад. Бумеди сафар ва сазовор шудани ҷоизаҳои бештари театри дар хориҷу дохили кишвар.