Театр миёни кӯҳҳои баланд

Бадахшон, боми ҷаҳон ва макони дорои кӯҳҳои баланду калонтарин пиряхи олам. Инсонҳои бо виқору ҳақталош ва ростин инҷоро макони зист ихтиёр кардаанд.  Ҳазорсолаҳо боз онҷо фарҳанг, тамаддун меофаранд ба рои инсоният. Чандин забонро пос медоранд ва талош доранд бе газанд бимонад он забонҳо.

Дар қалби Бадахшон миёни куҳҳои баланд ш. Хоруғ аз соли 1936 инҷониб Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи М. Назаров ҷой гирифтааст. Толори зебо ва дорои шароити хуби корӣ бо ҷамъи ҳунармандон ҳамеша талош мекунанд мардуми ин гушаи диёр аз будани театри касбӣ огоҳ бошанд. Саркоргардонии ин театрро ҳунарманди ҷавону шинохта дар синамову театр Умед Хисравов ба ӯҳда дорад. Онҳо нигоҳ накарда ба онки дур аз маркази кишвар қарор доранд имсолу солҳои гузашта иштирокчии ҷашнвораҳои театрӣ дар дохилу хориҷ ҳастанд. Ҷоизаҳои беҳтарин коргардон, нақши занона, ороиши мусиқӣ ва ҳатто ШОҲҶОИЗА-ро соҳиб шудаанд.

Имсол онҳо тасмим доранд мавсими 82-юмини театро бо барномаи консертӣ баъд аз ҷашни Истиқлолият шурӯъ кунанд. Дар ин мавсим ният дорем  бахшида 120 солагии қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур намоишномае руи саҳна биёрем, гуфт дар суҳбат ба мо саркоргардони Театр Умед Хисравов

Бинои ҳозираи театр соли 2012 аз таъмири куллӣ баромад. Ҳукумати ҷумҳури барои сохтани шароити беҳтар ба ҳунармандон соли оянда бинои нави театро дар маркази Вилоят ш. Хоруғ ба истифода медиҳад.