Театре ҳамеша дар шӯру ғавғо.

            Воқеан театр бояд маконе бошад ҳамеша шӯру ғавғо онҷо шунида шавад агарне онҷоро ибодатгоҳ мебояд гуфт.

Анҷоми даҳаи солҳои 70-уми асри пор як гурӯҳ хатмкунандагони шуъбаи актёрии Донишгоҳи Олли Театрии ш. Маскав бо устодии Бибиков ва Пижова ба Тоҷикистон омаданд. Ҳукуматро зарурат пеш омад то театреро барои ин гурӯҳ таъсис диҳанд. Бинои кинотеатрро ҳунармандони ҷавони пурэнержии тоза аз шаҳри бузург омада дасту остин барзада ба театр табдил доданд. Корҳои дипломиашон барои худ дар пойтахти Тоҷикистони Шӯравӣ зуд бинанда ҷамъ кард. Чанд нафари онҳо рафтанд дуболи корҳои идорӣ аммо қисми зиёди ин ҷавонон ҳоло майдондорони ҳунари кишвар ба ҳисоб мераванд. Имсолу солҳои пор ҷашни 60, 65-70 солагии умрашонро дар бинои Театри Давлатии Ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҷашн гирифтанд. Ҳанузҳам онҳоро чун гули сари сабат ва асосгузори ин театр қадр мекунанду саҳна барояшон озод аст.

Театри давлатии Ҷавонон баъди қабули онҳо боз чандин маротиба гурӯҳӣ ва як то ду се нафари ҳунарманд қабул кардаасту мекунад. Ин театр таҷрибаҳои корӣ бо коргардонҳои маъруфи дохилу хориҷро дорад.  Ҳабибулло Абдураззоқов, Турахон Аҳмадхонов, Баҳодур Миралибеков, Мирзоватан Миров, Барзу Абдураззоқов, Шавкат Халилов, Султон Усмонов, Нозим Меликов ва чандин нафари дигар аз саромадони корҳои коргардонии театр буданд. Фаррухи Қосим низ баъди омадан бо аҳли шогирдонаш аз театри собиқ Қурғот  еппа  инҷо намоише кор карду рафтанд дунболи таъсиси театри Аҳорун.

Ҳайати ҳунармандони театр борҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, ҶИ Эрон ва Руссияву то Аврупо низ сафари ҳунарӣ кардаанд. Ҳар ҷашнворае, ки намоишҳои Театри Ҷавонони ш. Душанбе равад дар 90% ҳолатҳо бо ҷоиза бармегарданд. Ҳатто аз аксари ҷашнвораҳо бо ду се ва панҷ ҷоиза омадаанд. Барои далел, боре бояд меҳмони театр шавем то таблои ҷоизаву дипломҳои театро бубинем. Аз ШОҲҶОИЗА-ҳо шуруъ карда то беҳтарин коргардону, нақши занонаву мардона, ороиши мусиқиву нақши лаҳзавӣ ва гурӯҳи беҳтарини ҳунармандон.

Охирин шоҳкории онҳо дар мавсими қаблӣ намоиши “Вақте куҳҳо суқут мекунанд”-и Чингиз Айгматов мебошад, ки Нозим Меликов таҳия кардааст. Дар Ҷашнвораи Театрҳои касбӣ “Парасту-2019” миёни 18 театр мақоми дуввум гирифта ба ҳунарпешаи ҷавони театр Шогун Давлатбекова нақши беҳтарини занона расид.

Суҳроб Ҷанҷолов ҳунарманд ва муовини театри Ҷавонон дар суҳбати телефони ба мо гуфт, ният дорем санаи 21-уми сентябр мавсими 48-уми театрро кушоем. Он рӯз намоиши “Эҳ ҷавонӣ-ҷавонӣ”-и М Бахтӣ руи саҳна меравад, ки мавсими қаблӣ онро коргардон Шавкат Халилов таҳия карда буд.

Ёдовар мешавем аҳли театр ният доранд дар мавсими 48-ум аз кишвари ҳамсоя  Узбекистон коргардон Олимҷон Салимов-ро даъват кунанд ва намоиши “Тарма”-ро руи саҳна баранд. Ин намоиш ба қалами драматурги турк, Турҷен Ҷуҷеноғлу таълуқ дошта  чанд соли охир диққати аҳли театриҳои Осиёро ҷалб кардааст.

Бинои театр дар хиёбони Неъмат Қарабоев поинтар аз бинои “Сирк” ва “Олами китоб” ҷой гирифтааст.  Барои дустдорони театр дар саҳфаи фейсбукии театр навгониҳо нашр мешаванд. Биёед ба Театри давлатии Ҷавонон то лаҳзае дар миёни шӯру ғавғои намоишҳои онҳо монед(м).