Жанр: Драма
Намоиш дар асоси ҳодисаи воқеӣ ва дар доираи барномаи давлатии “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” офарида шуда, дар бораи кӯдакон ва барои волидон пешбинӣ шудааст.
Намоиши”Бозичаҳо” масъалаҳои ташвишовар ба монанди: ҷалб ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун, худкушӣ миёни наврасон, авбошӣ, таҳқир… ва дигар масоили марбут ба тарбия ва муносибатҳои миёни волидону фарзандонро баррасӣ мекунад.
Хонандаи синфи 5-ум Ҷамшед, ки ҷамъ кардани каждуму тортонакҳоро дӯст медорад, дар ҷомеа ҷои худро пайдо карда наметавонад.
10 сол аст, ки роҳи падари муҳоҷирашро интизор аст, модараш “ӯро намефаҳмад”, дар мактаб аз захми таъқибу таҳқири ҳамсинфон азият мекашад…, касе дар дунё ӯро дӯст намедорад…
Бозичаҳо аз зиндагӣ ва муборизаҳои Ҷамшед ва дигар ҳамсинфонаш, ки дар замони шаклгириашон ҳар яке барои худшиносӣ ва пайдо кардани ҷою мавқеи худ дар ҷомеа талош мекунанд, қисса мекунад. Намоиш бо пирӯзӣ ва сарбаландии Ҷамшед ба анҷом мерасад.
Намоиши “Бозичаҳо” аввалин таҷрибаи онлайн-намоиш дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Муаллифон: Фарҳод Ғаффорпур, Ғайрат Қодиров
Таҳиягар: Фарҳод Ғаффорпур
Продюсер: Ғайрат Қодиров
Муаллифи шеърҳо: Боҳир Баҳодурзода
Иҷрокунандагони нақшҳо:
Ғайрат Қодиров
Юнусалӣ Эргашев (Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон)
Дилбар Сулаймонова (Ҳунарманди Шоистаи Тоҷикистон)
Боҳир Баҳодурзода
Фарангис Умарова
Рухсора Неъматова
Иҷрокунандагони нақшҳо

Ғайрат Қодиров

Юнусалӣ Эргашев

Дилбар Сулаймонова

Фаррух Ваитов

Фарҳод Сидиқов

Боҳир Баҳодурзода

Рухсора Неъматова
