Жанр: Афсона

Афсона дар бораи он, ки чй тавр узвҳои бадани инсон Сар (Кал), Шикам (Дам), Пой (Попо) ва Даст (Чача) аз иҷрои вазифаи худ саркашӣ карда, иҷрои онро ба ӯҳдаи ҳамдигар мегузоранд…

Вақте ки иштиҳо – нафси шайтонӣ ва саркаши Дам (Шикам) ба ҳадди идоранашаванда ҳама чизро дар ҷаҳон фурӯ бурданӣ мешавад, ҳеҷ қуввае наметавонад пеши роҳи ин аждаҳоро бигирад…

Ин хоби кӯдаки хурдсол аст, ки ба худ суол мекунад:

  • Чаро Сар вазифаи худро ба Шикам во гузоштааст? …
  • Чаро Калла ҳеҷ масъалаеро ҳал намекунад?…
  • Агар ин Шикам маро ҳам фурӯ бурданӣ шавад, оё касе маро ҳимоя мекунад?…

Кор ба ҷое мерасад, ки Шикам аз миёни тамошобинон донотарин, пурҳунартарин кӯдакро интихоб карда хӯрданӣ мешавад…

Дар чунин ҳол Сар, Пой ва Даст чӣ кор мекунанд?  Кӯдакон чӣ? Оё барои наҷоти ҳамроҳи худ бачаҳо чорае мебинанд?

Намоиш жанрҳо, шаклҳо ва воситаҳои гуногуни баёни театри муосирро дар худ омезиш додааст, ки импровизатсия, интерактив, лӯхтакҳо – одамон – аждарҳо аз ҷумлаи онҳоанд.

КАЛДАМПОЧА панҷумин кори якҷояи коргардон Овлякули Ходжакули ва ҳунармандони Театри Конибодом аст.

Намоиши мазкур тӯли 3 моҳ тариқи онлайн офарида шуда, пас аз “Садои қу” дуюмин таҷрибаи онлайн басаҳнагузории намоиш дар театр ба ҳисоб меравад.

Муаллиф ва коргардон: ОВЛЯКУЛИ ХОДЖАКУЛИ

Рассом: МАРИЯ СОШИНА

Иҷрокунандагони нақшҳо

Ғайрат Қодиров

Ғайрат Қодиров

Попо

Саҳнаҳо аз намоиш