Жанр: Мазҳака
Зану шавҳар Марям ва Қодир зиндагии осуда надоранд. Онҳо аз ҳамдигар қонеъ нестанд ва ишқро берун аз дарвозаи хонавода ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳарду бо ошиқу маъшуқаи номаълуми худ пинҳонӣ хатнависӣ мекунанд. Ниҳоят “Ошиқон” азм мекунанд, ки шабона ба мулоқот бароянд ва меваи Ишқ бичашанд…
Дар ин миён хизматгор Холмат ва канизаки хона Рӯзвон низ ба ҳамдигар дил бастаанд….
Имшаб Хӯҷаин ва Бону ба мулоқоти дилдодаҳояшон мераванд ва Холмату Рӯзвон вазифадоранд, ки ҷои хоби хӯҷаинҳоро “пур” кунанд то набудани Хӯҷаинро Бону ва набудани Бонуро Хӯҷаин пай набаранд….
Мулоқотҳо бо чӣ анҷом меёбанд ва хизматгорон чӣ ҳодисаҳоро аз сар мегузаронанд дар намоиши мазҳакавии “Оҳ, Муҳаббат” тамошо кунед.
Продюсер: Ғайрат Қодиров
Муаллиф: Олим Салимов
Коргардон: Сӯҳроб Шехов
Рассом: Оля Сунчелеева
Дизайни Farhodactor
Иҷрокунандагони нақшҳо

Хушнуди Дадо

Фаррух Ваитов

Муқаддас Раҳмонова
