Жанр: Афсона

12 сол қабл Роҳзан фарзани ягонаашро барои омӯхтани бадкирдориву ғорат ба мактаби Аҷуза медиҳад.

Аммо фарзанди Роҳзан ҳеҷ наметавонад дарсҳои Аҷузаро биёмӯзад ва пас аз хатми мактаб ба назди падар бар мегардад. Дар назди Роҳзани пир ба ҷои фарзанди шӯху бадкирдор духтарчаи нозанини хушрафтору боодоб ҳозир мешавад. Ин ба Роҳзан писанд намеояд. Намоиши роҳзан барои кӯдакон ва наврасон омода карда шуда мавзӯи муборизаи Некӣ ва Бадиро баррасӣ мекунад. Ниҳоят ғолибияти Некиро ба Бадӣ васф карда паёми «Барои хуб шудан ҳеҷ гоҳ дер намешавад»-ро дар зеҳни тамошобин ҷой мекунад.

Муаллиф ва Коргардон: Муҳиддини Музаффар

Рассом: Оля Сунчелеева

Иҷрокунандагони нақшҳо

Лаҳзаҳо аз намоиш