Жанр: Драмаи фикрбарангез

Василий Василевич – ҳунарманди театри музофот, пас аз бенефиси худ дар байни саҳна, шабона бедор мешавад. Ҳамроҳи суфлёр ва оташнишон, (ки дар театр зиндагӣ мекунанд,) ҳаёти рафтаро меандешанд, таҳлил мекунанд…  Умр гузашт, аммо ягон кори ҷиддие ба анҷом нарасид… Умр беҳуда сарф шуд…

«Ду карат 34 (68) сол аллакай… марг наздик аст… Магар ин охирин нафас аст? На, на, на.., охир ман Инсон!…» Оре, муносибатро нисбат ба ҳаёти худ бояд таъғир дод… Мурдан даҳшатовар нест, даҳшатовар он аст, ки пас аз мурдан туро фаромӯш хоҳанд кард.

«Кӣ ту? Чӣ кор кардаӣ? Кӣ шудӣ? ИНСОН БУДАНро дар куҷо гум кардӣ? …»

Дар намоиш порчаҳо аз намоишномаҳои «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир», «Ҳамлет», «Отелло»-и Шекспир, «Нурхон»-и Комил Яшин, «Тошболтаи ошиқ»-и Ҳомид Ғулом ва «Дод аз дасти ақл»-и Александр Грибоедов истифода шудаанд, ки Василий Василевич замоне онҳоро иҷро кардааст ва ҳоло зиндагии ӯро инъикос мекунанд.

Садои қу – аввалин таҷрибаи басаҳнагузории намоиши театрӣ тариқи онлайн аст, ки давоми 90 рӯзи тамрин тариқи ZOOM омода шудааст.

Муаллиф: А.П.Чехов, В.Шекспир…

Коркарди матн, сенография ва таҳияи: Овлякули Ходжакули

Иҷрокунандагони нақшҳо

Ғайрат Қодиров

Ғайрат Қодиров

Суфлёр, Шоҳ Лир, Розенкранс, Ҳайдар, Отелло

Саҳнаҳо аз намоиш