31,08,2018 / hakikati-sugd.tj

Дар назар аст нахустнамоиши “Қобил” санаи 4- уми сентябр дар бинои Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ва санаи 5- уми сентябр дар бинои Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.

Бино ба иттилои маъмурияти Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова намоишномаи «Қобил  тибқи лоиҳаи “Театр зидди хушунат ва ҷанг» ба саҳна гузошта шуда, аз рӯи  асари яке аз шоирони машҳури назми романтикии Англия – Ҷорҷ Байрон,  ривояти библия ва ҳадиси исломӣ оид ба Қобилу ҳобил таҳия гардидааст. Мутобиқати асар аз ҷониби Нафас Шодмон ва Авлиёқули Хуҷақулӣ сурат гирифтааст. Тарҷумони забони тоҷикӣ шоир ва драматург Сайидамин Ҷило мебошад. Коргардони намоишнома Авлиёқулӣ Хуҷақулӣ. Нақшҳоро  Муҳиддини Музаффар (Қобил), Фаррух Воитов (Ҳобил),  Дилноза Каримова (Ҳаво ва Иқлима), Фарҳоди Ғаффорпур (Одам ва Пакана)  меофаранд.

Лоиҳаи “Қобил” бо дастгирии дафтари шветсарӣ дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом амалӣ гардида, ин сеюмин ҳамкории ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова ва коргардон Авлиёқули Хоҷақулӣ ва дафтари шветсарӣ дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан соли 2015 намоишномаи “Ваҳваҳабонувон” аз рӯи асари Еврипид ва соли 2016 намоишномаи “Суди девонагон” аз рӯи асари Шекспир ба намоиш гузошта шуда буд. Намоишномаи “Суди девонагон” дар фестивалҳои бонуфузи шаҳрҳои Шанхай, Лондон ва ҳиндустон иштирок карда баҳои баланди мутахассисону тамошобинонро сазовор гаштааст.

Сурайё ҲАКИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»