Нахустнамоиши “Қори-ишкамба” дар трактовкаи ҷадид.
Октябри соли 1917. Инқилоби октябр ғалаба кардааст. Болшевикон ҳокимиятро ба даст оварда ҳамаи бонкҳоро бо пулҳои қоғазӣ, тиллоӣ ва нуқрагиаш мусодира намудаанд. Қорӣ- Исмати судхӯр дар сарҳади девонагӣ аст. Ӯ воқеиятро намехоҳад қабул кунад. . Мағзу зеҳни ӯ бовар кардан намехоҳад, ки тамоми пулҳояш сӯхтаанд. Миёни орзуҳояш ва воқеият мондааст.
Санаи 6 уми апрел соати 13:00 дар бинои театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т.Фозиловаи ш.Конибодом нахустнамоиши “Қорӣ – ишкамба” дар трактовкаи ҷадид баргузор мегардад.

Дар нақшҳо:

Қорӣ-ишкамба – Хушнуди Дадо

Муллобачаҳо – Фарҳод Ғаффорпур, Фаррух Ваитов

Коргардон – Муҳиддини Музаффар

Рассом – Муссо Исҳоқов