Бо манзури тақвияти робитаи театр бо сокинон ва фаъол намудани тахайюлоти кӯдакон театри Конибодом озмуни “Кашидани расми Карлсон”-ро роҳандозӣ намуд. Ашхоси синни то 12 дошта метавонанд маҳсули кори худро бо навиштани ному насаб, син, суроға ва шумораи телефон ба суроғаи зерин ирсол кунанд:
E-mail: teatrikonibodom@gmail.com
91853065, Viber, WhatsApp, Telegram, Imo.
Шаҳри Конибодом, кӯчаи маннонов 190
Беҳтаринҳо дар хонаашон шоми 31-уми декабр аз ҷониби худи Карлсон ва Бобои барфӣ бо тақдими тӯҳфаҳо қадр карда мешаванд.
Зикраш воҷиб аст, ки аксияи мазкур бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Театре дар Шаҳр ва Шаҳре дар Театр” таҳия шудааст.