Озмуни ШОҲИН

Озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 сола то 16 сола.
Даври асосии озмун тариқи Онлайн дар шабакаи Instagram баргузор ва баҳогузорӣ мешавад. Ҳар нафар ҳуқуқи интихоб ва баҳогузорӣ карданро дорад. Ғолибонро тамошобинон ба воситаи лайк гузоштан дар шабакаи Instagram баҳогузорӣ ва муайян менамоянд. Баромади иштирокчие, ки сазовори лайкҳои бештари тамошобинон мегардад, ғолиб ҳисобида мешавад.
Иштирок дар озмун бо тӯҳфаҳо ва дипломҳо мукофотонида мешаванд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовори тӯҳфаҳои қимматбаҳо мегарданд.
Озмун дар 4 бахш баргузор мешавад:
Ҳаҷвнигорӣ
Сурудхонӣ
Рақс
Навозиши асбобҳои Мусиқӣ
Ҳар иштирокчӣ ҳуқуқи танҳо дар яке аз бахшҳо ширкат карданро дорад.
Эзоҳ:
Ҳаҷвнигорӣ. Иштирокчӣ метавонад латифа ё ягон воқеаи ҷолиби ҳаҷвӣ нақл кунад, масъалаҳои иҷтимоиро танз намояд. Ҳамчунин иҷрои саҳнача бо ҷалби то 3 нафар ёрирасон барои кӯмаки иштирокчӣ имконпазир аст.
Сурудхонӣ. Иҷрои зинда ҳатмӣ. Сурудҳои эҷодкардаи худи иширокчӣ ё версияи кавери сурудҳо кабул мешаванд. Иштирокчӣ метавонад новобаста аз забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ…) равияҳо (эстрадӣ, классикӣ, фолклорӣ…) ё жанр (поп, реп, рок…) суруд интихоб намояд. Сурудхонӣ бо истифодаи оҳанг (минусовка) ё иҷро зери навозиши асбоби мусиқӣ сурат мегирад.
Рақс. Ҳамаи намуди рақсҳои миллию хориҷӣ кабул мешаванд. Иҷрои рақс бо либоси саҳнавии хос афзалият дорад.
Навозиши асбобҳои мусиқӣ. Навохтани ҳамаи намуди асбобҳои мусиқӣ қабул мешаванд. Давомнокии асарҳои иҷрошаванда набояд аз 5 дақиқа зиёд бошанд.

Замон ва макон:
Даври интихобӣ Рӯзи 20 октябр аз соати 09:00 то 17:00 дар толори Театри Конибодом.
Даври асосӣ аз 1 ноябр то 25 декабри соли 2021 дар шабакаи Instagram баргузор мешавад. Охирин мӯҳлати онлайн баҳогузорӣ соати 20:00, 25 декабри 2021 бо вақти Тоҷикистон.

Ҳадаф: Дарёфти истеъдодҳои нав, таблиғи санъат миёни наврасон.
Ташкилкунанда: Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом.
Сарпараст: Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон.
Ҳамкорони иттилоотӣ: радиои “Канд fm”, ТВ-5, саҳифаи @realkand дар instagram,

Тамос: 918530656, 928530656