Ҳанӯз 30 сол муқаддам конференсияи маданияти сухан дар шаҳри
Душанбе доир гардида буд , аниқтараш 24-25 ноябри соли 1988 дар
Академияи илмҳои Тоҷикистон. Матолиби конфронси мазкур дар
шакли китоби алоҳида соли 1989 аз ҷониби нашриёти “Маориф” таҳти
унвони “Маданияти сухан” зери назар ва таҳрири доктори илми
филолгия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, профессор Шарофиддин
Рустамов ба табъ расид.
Аз ҷумла дар мақолаи “Орфоэпияи тоҷикӣ ва вазифаҳои он” номзади
илмҳои филология М.Файзов чунин навишта буд: ”Забони адабии
ҳозираи тоҷик мисли дигар забонҳои тараққикардаи дунё шакли хаттӣ
ва гуфторӣ дорад, ки ба яке офография ва дигаре орфоэпия хизмат
мекунад. Орфография маънии дуруст навиштан ва орфоэпия дуруст
талаффуз карданро дорад.
Мушкилоти тадқиқоти илмии орфоэпияро ба риштаи таҳлил кашида
муаллиф аз ҷумла чунин тавсия медиҳад: “ Театр нигоҳбону
тарғиботчии орфоэпия мебошад. Бинобар ин ходимони
таҷрибаандӯхтаи театрро ба сохтани дастуру маҷмӯи қоидаҳои
талаффуз ҷалб намудан аз манфиат холӣ нест”
Воқеан ҳам ситораҳои санъати тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ато
Муҳамадҷонов, Туҳфа Фозилова, Муҳамадҷон Қосимов, Софя
Туйбоева дар гузаштаи начандон дур бо нутқи ҷолиби саҳнавӣ қалби
тамошобинро тасхир менамуданд. Ҳошим Гадоев, Сайрам Исоева,
Фирӯз Умар, Қурбони Собир, Ортиқи Қодир имрӯз ҳам бо садои
нотакрори худ баробари дар саҳна ҳунарнамоӣ кардан, филмҳои
тоҷикиро овоз медиҳанд.
Дар театри Конибодом ки таърихи анқариб 90 сола дорад, ба нутқи
саҳна эътибори хоса медоданд. Санъаткорони асил Солеҳҷон
Холиқов, Мавлуда Обидова дар солҳои шастум, Дилором Баҳромова,
Истад Мамадҷонова дар солҳои 70-ум, Мухтор Ҳайдаров, Юнусали
Эргашев, Дилбар Сулаймонова, Умарали Сатторов дар солҳои 80-уму
90-ум меъёрҳои забони адабии тоҷикиро риоя намуда посдори
орфоэпияи тоҷикӣ дар театр буданд.
Тирамоҳи соли 2008 баъди хатми донишкадаи санъати Тоҷикистон як
гуруҳ ҷавонони ба истеъдод, ки ҳамагӣ 4-5 сол пеш дар студияи
актерони нараси назди театри Конибодом машқи ҳунар мекарданд,
ҳамчун актери касбӣ ба остонаи театр гом ниҳоданд. Ин сегонае ки ба
ҳаёти театр нафаси тоза бахшид. Муҳиддини Музаффар, Фарҳоди
Ғаффорпур ва Ғайрати Қодир бо нерӯи нав ва синаҳои моломоли орзу
даст ба таҳияи спектакли сабки нав заданд. Чунин “найрангҳои
чуҷаҳои нав аз тухм баромада” боиси ҳайрати насли нафақахӯри театр

гардид. Ҳатто раҳбарияти собиқи театр ба талошҳои эҷодии ин
актерони ҷавон бо назари шубҳа менигарист.
Аммо нутқи буррои саҳнавии Муҳиддини Музаффар ва Фарҳоди
Ғаффорпур вақте аз саҳнаи театр на танҳо дар спектакл балки дар
тадбирҳои идонаи шаҳри Конибодом садо дод, лаҷоми саманди театр
ба дасти ин ҷавонон дода шуд.
“Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” “Қобил” барин спектаклҳои сатҳи
ҷаҳонӣ театри Конибодомро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Хуб, орфоэпия оё ҳоло дар театри Конибодом риоя мешавад?
Эҳсос мекунам, ки бештар дар нутқи ҳунарпешагон Фарҳоди
Ғаффорпур, Хушнуди Дадо, Нозанин Ҷуразода, тарзи талаффуз риоя
карда мешавад.
Дуруст аст, ки шогирдоне ки асрори нутқи саҳнаро омӯхтаанд, хуб
медонанд, ки театр ҳам як василаи забономӯзӣ ва тарзи сухангӯии
адабӣ мебошад.
Умедворам, ки анъанаи неки тарбияи инсони соҳибзавқ дар театри
Конибодом идома меёбад.

Зайнидин Орифӣ,
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон