Санаи 13 марти соли равон дар Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров – и шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши “Пораи дили модар” баргузор гардид. Намоишнома бар қалами Шариф Ҳалим буда, дар таҳияи саркоргардони театр Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Ҳомидов рӯи саҳна омад.

“Пораи дили модар” масъалаҳои тарбия, муносибат бо кӯдакони нуқсдор ва дигар муносибатҳои хонаводагиро баррасӣ мекунад. Нақшҳоро Аълочии фарҳанги ҶТ Сайфулло Собиров, Ситора Хонкелдиева, Абдураҳмон Ғаниев, Зарнигор Алиева, Умеда Турсунова, Сайед Муродов, Аълочии фарҳанги ҶТ Мирзоюсуф Ахмедов, Темур Султонов ва дигар ҳунармандони театр иҷро намунанд.