Кӯдакон ва наврасони шаҳри Конибодом имсол соли навро бо ҳамроҳии “Роҳзан” пешвоз мегиранд. Намоиши ҷолибу диднии “Роҳзан”-ро ҷавонони ҳунарманди театр Муҳиддини Музаффар ва Хушнуди Дадо таҳия намуданд, ки дар он нақши Роҳзанро Фаррух Ваитов иҷро мекунад. Ҳамчунин Мунаввара Раҳмонова, Муқаддас Раҳмонова ва Хушбахт Набиев бо иҷрои нақшҳои ҷолиб намоишро рангин хоҳанд кард.

Намоиши “Роҳзан” дар баробари ҷаззобият барои тамошобинон паёмҳои хуби ахлоқиро доро буда дар зеҳни онҳо тухми некиву накӯкориро хоҳад кошт.