Дар Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом мизи мудаввар дар мавзӯи “Роҳҳои рушди театр барои кӯдакон дар Тоҷикистон” доир гардид. Ин ҳамоиш дар доираи Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” роҳандозӣ шуд.
Иштирокчиён доир ба саволи он, ки то чӣ андоза намоишномаҳои театри кӯдакона талаботи тамошобинро қонеъ месозад, назарашонро баён доштанд. Ба назари ҳунармандон дар намоишномаҳо талаботи замони имрӯз ба назар гирифта мешавад. Агар ба қадри зарурӣ маблағгузорӣ шавад, ба сатҳу мазмуни намоишномаҳо таъсир мегузорад.
Қисмати муайяни ҳунармандон ба он бовар буданд, ки бояд масъулият бештар эҳсос карда шавад. Ба назари онҳо на ҳамеша бахши молиявӣ омили асосии беҳтар кардани сифати намоишномаҳо мусоидат мекунад.
Ба назари роҳбари Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом интихоби мавзӯъ дар гузоштани намоишнома ва роҳҳои таблиғ, аз ҷумла гузоштани маълумот дар гӯшаҳои иттилоотӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои огоҳ намудани мардум аз намоишнома хеле муҳим аст.
Назари дигаре ҳам буд, ки набудани коргардон барои гузоштани намоишномаҳои кӯдакона ба беҳтар шудани сатҳу сифати спектаклҳо таъсир гузоштааст.
Дигар ҳунармандон ҷонибдори он буданд, ки ғоя асоси пешрафт мебошад ва роҳҳои таблиғ ба ҷалби тамошобин мусоидат мекунад.
Як доира ҳунармандон гуфтанд, ки қисме аз волидон фарзандонашонро ба театр намебаранд ва аз хурдӣ онҳоро дар ин руҳия тарбия намекунанд.
Маҳорати ҳунармандон низ яке аз масъалаҳои муҳим дониста шуд, ки дар самти ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин метавонад таъсир гузорад.
Дар мизи мудаввар намоишномаҳои дар доираи фестивал ба саҳна гузошташударо дар умум қонеъкунанда арзёбӣ карданд.
Саволи дигар ин буд, ки меъёри баҳогузорӣ ба намоишномаҳо чӣ буда метавонад.
Ҳунармандон гуфтанд, ки баҳогузории сатҳи намоишномаҳо мушкил аст,чун омилҳои гуногун метавонад ба муҳтавои намоишномаҳо таъсир гузорад. Илова гардид, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин бояд заҳмат кашид, зеро талаботи имрӯзаи тамошобин дар қиёс ба давраи пеш фарқ мекунад.
Беҳтар кардани вазъи театрҳо зарур аст.
Ғайрат Қодирӣ, директори Театри шаҳри Конибодом қайд намуд, ки соли оянд Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” ташкил карда хоҳад шуд. Яъне минбаъд шумораи иштирокчиёни театр дар ин фестивал меафзояд.
Дар мизи мудаввар ташкилкунандагони Фестивал-аксияи “Театр барои кӯдакон” пешниҳод намуданд, ки бо ҷалби беҳтарин коргардонҳо мастер-класс ташкил ва аз ҳамаи театрҳо якнафарӣ ба он ҷалб карда шавад. Ҳамзамон баргузории семинарҳои омӯзишӣ бо ҷалби ҳунармандони театр барои рушди соҳаи театр ва беҳтар шудани сатҳи намоишномаҳои кӯдакона муҳим дониста шуд.