Вақте, ки ҳунарманд қадр мешавад…
—————
Марди содиқе дар самти Актёрӣ, ки чиҳил соли умрашро фидо кардаву аз назарҳо дур монда буд – Умаралӣ Сатторов, диққати коргардони ҷавон – Далери Имомалиро ба худ наздик кард. Ин буда, ки соле қабл шуруъ кард барои банаворгирии филми ҳуҷҷатие аз ҷониби “Муассисаи давлатии “СУҒДСИНАМО” ва Радиои “ВАТАН”, нисбати зиндагии Ӯ. Имсол (2019) рӯйи пардаи синамо овард. Бо шаклу пешниҳоди комилан барои мо нави мустанад. Аз ин хотир зери нақди бисёриҳо қарор гирифт… Аввалин сафари филм дар ҷашнвора, ба ҳар кишваре, ки набошад қаҳрамони филмро мефиристам гуфта буд коргардон. Ва ҳаминтавр низ шуд. Аввалин даъваташ ба шаҳри Қазон дар XV-умин ҷашнвораи байналмиллалӣ, ки онҷо ду филме аз Ҷумҳурӣ иштирок дошт, филми ҳуҷҷатии “УМАР-АКО”-и Далери Имомалӣ ва филми ҳунарии “ТАНГНО”-и Муҳиддини Музаффар. Вақте, ки Умар-акоро мо аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел мекардем суолаш додам: Чандум сафари Шумост ба хориҷ? Дар чиҳил соли фаъолияти корӣ ва шастушаш соли ҳаёт бори нахуст аст, ки ҳамчун ҳунарманд сафар мекунам. Аммо сафарҳои муҳоҷирӣ ба шаҳри Москва борҳо анҷом додаам гуфт дар ҷавоб. Қадам задан болои қолини қирмизӣ, иштирок кардан дар ҷашнвораи байналмилалӣ, муҳити атроф ҳама чунон диққати ҳунармандро ба худ ҷалб мекунад, ки ҳангоми бозгашт ин ҳамаро бо эҳсосоти баланд ва шодии ногуфтание қисса мекард Ӯ… Ин рафтан ба Умар-ако сафари рӯҳнавозе додаву ба Муҳиддини Музаффар бурдборӣ. Филми ҳунарии ТАНГНО ба гирифтани ҷойизаи БЕҲТАРИН ФИЛМНОМА мушарраф гашт. Ин муборак аст ба Нависандаи халқии Тоҷикистон устод СОРБОН ва филмноманавис Бахтиёр Каримов.
Бо ташаббуси “Муассисаи давлатии СУҒДСИНАМО” дар шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши филми УМАР-АКО ва инчунин нишасти матбуотие ҳам нисбат ба нақшаҳои баъдии муассиса 16.05.2019 соати 10:00 дар толори синамои НУРТЕКС баргузор гардид. Имруз (17.05.2019) дар зодгоҳи қаҳрамон шаҳри Конибодом бо иштироки раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, муовин, дигар кормандон ҳукумати шаҳр ва инчунин аҳли ҳунару мардуми атроф доир гардид. Баъд аз тамошои филм Умар-ако рақскунон зери навозиши доира ба саҳна баромада бо хурсандии беҳад миннатдории худро иброз намуд. Муҳиддини Музаффар, ки садри маҳфил буд Далери Имомалиро даъват намуд. Ҳарчанд эҳтироми ҷамъи ҳунармандон наздам зиёд аст вале Ато Муҳаммадҷонов, Рачаб Ҳусейн ва Умаралӣ Сатторовро зиёдтар дуст доштам барои табии буданашон дар саҳна, гуфт коргардон. Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Маҳмадҷонова низ бо саҳначаи хубе соҳибҷашнро таҳният намуда дар анҷом Раиси шаҳр ба саҳна баромада аз фаъолияту беҳбудии чаҳор-солаи “СУҒДСИНАМО” ва Театри мусиқӣ-драмаи Тӯҳфа Фозилова суханрониҳо намуда инчуни дар анҷом соҳибҷашнро бо ифтихорнома, дастагул ва роҳхат ба истироҳатгоҳ таҳният намуд…
Албатта барои Умалалӣ Сатторов хело муборак буд, ки ин шодии бемислро дар айёми пирияш Далери Имомалӣ тавонист бахшида. Инчунин метавон гуфт БАХШИДАНИ УМРИ ДУБОРА. Ҳамзамон нақшае низ доранд бачаҳо, ки дар ҳавлияш ХОНА-МУЗЕЙ сохта ва тамоми ганҷинаҳои доштаашро ҷой намуда ба маърази тамошо гузоранд. Ва дар ин кори хайр низ роҳбарияти шаҳр ҲАМРОҲ МЕКУНЕМ гуфт…
Меарзад ҳар Ҳунарманди асили доштаамон хона-музейи худро дошта бошад. Боқи ба Умар-ако умри дарозу ба бачаҳои филмофар барори кори ҳамешагӣ!!…
Тоҳир Назар