Гурухи-навозандагонСанъатчиёни сурх

Соли 1932 дар ҳаёти мардуми Канд воқеаи таърихӣ рух дод. Моҳи август театри мусиқӣ-драмавӣ таҳти унвони «Санъатчиёни сурх» таъсис ёфт.

Асосгузори кинои тоҷик, фарзанди фарзонаи диёр Комли Ёрматов дар китоби худ «Бозгашт» қайд кардааст, ки соли 1922 шоир ва драматурги барҷастаи ӯзбек Ҳ.Ҳакимзода ва ҳунарпешагони ӯзбек дар Конибодом бо намоишномаҳои ҷолиби драмавӣ ва барномаҳои консертӣ баромад карда. Дар ташкили маҳфилҳои худфаъолиятӣ кӯмак менамуданд.Баромади-театр-дар-иди-1-Май-с-1969

Бо ташаббуси Комил Ёрматов моҳи июли соли 1922 маҳфили ҳунарпешагони санъат созмон ёфта, нахустин намоишномаи он пешкаши тамошобинон гардонидааст,ки дар он нақши занро Султон Саидмуродови исфарагӣ бозидааст.

Санъат аз қадим шуғли дӯстдоштаи ин диёр аст. Маҳз  ана ҳамин меҳр соли 1926  як гурӯҳ санъаткоронро, аз ҷумлаи Болтабой Неъматов, Обидҷон Ғиёсов, Каримҷон Иброҳимов, Отаҷон Саримсоқов, Орифҷон Турдиев ва Турдибой Турсуновро ба майдон овард, ки он ба таъсис ёфтани дастаи ҳунарпешагон дар назди артели «Промсоюз» асос гузошт.Артисти-Шоистаи-Точикистон_Кимсан-Махкамов

Давоми се сол дастаи мазкур сайқал ёфт. Баробари ташкили консерт ба тамошобинон намоишномаҳои ҷолиб пешкаш мегардид. Ин буд, ки соли 1929 он ба ду гурӯҳи мустақил – драмавӣ ва консертӣ ҷудо шуд. Вале баъд аз ду сол бинобар нарасидани мутахассисони касбӣ, бахусус таҳиягар ва роҳбари мусиқӣ ин гурӯҳҳо боз муттаҳид мегарданд.

Театри мусиқӣ-драмавӣ

Соли 1932 баъди таъсис ёфтани театри мусиқӣ-драмавӣ Донӣ Ҳусейнов ба сифати устоди рақс ва Хоҷӣ Умар Қосимов аз шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) ба кор даъват шуданд. Вазифаи роҳбари бадеиро Болтабой Неъматов, муовини директорро Маҷид Қодиров ва мудири шӯъбаи бадеиро Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бар ӯҳда доштанд.

Ба шарофати таъсиси тетар як гурӯҳ ҳунарпешагони болаёқат Шаҳрӣ Каримова, Соҷида Ашӯрова, Қумрӣ Дӯстмуродова, Башорат Тоҷибоева, Тоҳир Тоҷибоев ва баъдтар Латофат Орифова, Кимсан Маҳкамов, Тӯҳфа Фозилова, Мирбобо Аҳмадов, Мамадҷон Мавлонов, Исҳоқҷон Қодиров, Шарофат Эргашева ба фаъолият пардохта, бо ҳунару истеъдоди нотакрори хеш қалби тамошобинонро тасхир менамуданд.Артисткаи-Халкии-Точикистон_Латофат-Орифова

Театр солҳои 1932- 1936 аз буҷаи шӯъбаи маорифи халқ маблағгузорӣ мегардид. Соли 1936 он ба таъминоти буҷаи давлат ворид карда шуд.

Театрро бидуни роҳбари мусиқӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бинобар ин моҳи августи соли 1932 Н.Азимов аз театри Ленинобод ба Конибодом даъват карда мешавад. Ҳамон сол намоишномаҳои драматурги ӯзбек К.Яшин «Ду коммунист», «Ғолибият» ва «Ӯртоғлар» (ба забони ӯзбекӣ), ҳамчунин «Ҳалима»-и Ҷаъфарӣ ва «Арши Мололон»-и У.Ҳоҷибеков таҳия шуда буданд.

12 декабри соли 1936 рӯзномаи «Коммунист Тадҷикистана» иттилоъ додааст, ки ҳунарпешагони конибодомӣ К.маҳкамов ва Л.Орифова дар фестивали умумииттифоқӣ сазовори Ифтихорномаи фахрии маданияти СССР гардидаанд.

Соли 1937 дар таърихи тетар рӯйдоди фаромӯшнопазир рух дод. Бо қарори кумиҷроияи шаҳрӣ он ба бинои нав, ки соли 1932 чун мактаби омӯзиши сиёсӣ бунёд ёфта буд, соҳиб гардид ва боиси ифтихори бузург аст, ки то ба имрӯз дар ин бинои муқаддас беш аз 121 намоишнома рӯи саҳна омада, хотири ҳазорон тамошобинон болида гардидааст.

Театр барҳам дода шуд

Солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ вазъи иқтисодии кишвар ниҳоят вазнин буд. Ин ҳолат ба фаъолияти театр низ бетаъсир намонд. Соли 1956 бо қарори кумиҷроияи вилоят ва фармони Вазорати маданияти Тоҷикистон бинобар иҷро накардани нақшаи молиявӣ ва нарасидани мутахассисони эҷодӣ театр барҳам дода шуда, он бо театри шаҳри Ленинобод муттаҳид карда мешавад.

Театри халқӣ

Вале парастуи ҳунарпешагони соҳибистеъдод ташнаи майдони парвоз буд. Аз ин боис соли 1959 назди идораи фарҳанг театри халқӣ таъсис ёфт.

Дастпарвари Донишгоҳи театрии Тошканд, нахустин мутахассиси соҳаи санъати театрӣ Солеҳҷон Холиқовтаҳиягари он таъин мегардад. Ҳунарпешагони болаёқат Шарофат Эргашева, Мукаррама Рустамова, Абдувоҳид Бобоҷонов, Турғуной Мадиёрова, Дилором Баҳромова, Обидҷон Бобоҷонов, мансурҷон Ризоев, Баротбой Содиқов ва дигарон бо ҳунари волои худ эътибори театрро афзун намуда, тирамоҳи соли 1968  дар озмуни театрҳои халқ ибо намоишномаи Султон Сафар «Мавҷҳои ҳаёт» ширкат варзида, сазовори ҷои аввал гардида буданд. Намоишномаи конибодомиён тавассути телевизиони ҷумҳурӣ манзури тамошобинон шуда буд.Арбоби-шоистаи-санъати-Точикистон-Султон-Саидмуродов-бо-хунарпешангони-театр-с1969

Эҳёи Театр

Соли 1969. Котиби якуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист, марди оқилу фозил ва фарҳангдӯст Раҳбар Қосимов, ки аз соли 1963 дар ин вазифаи фаъолият дошт, хуб эҳсос кард,ки эҳёи театр барои мардуми санъатдусти Конибодом ногузир аст. Ва ба он муваффақ гардид, ки тибқи қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ театри давлатии драмаи мусиқӣ аз нав эҳё гардад. Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон султон Саидмуродов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Латофат Орифова барои фаъолияти минбаъда ба театри Конибодом  сафарбар мегарданд. Сарварии театрро ба зиммаи М.Нарзуллоев вомегузоранд, ки баъдтар Усмонҷон Раҳимов дар ин вазифа фаъолият кардааст.Зафар-ва-Заррина

Баъди эҳёи театр намоишномаи «Зафар ва Заррина» – и С.Саидмуродов нахустин буд ва мардуми нуқтасанҷу ҳунардӯст бо шавқу завқ хуш қабул карданд. Дар ҳар намоиш толор пур аз тамошобинон ба назар мерасид. Баробари ба арсаи ҳунар омадани Болтабой Бӯриев, Истад Муҳаммадҷонова, Неъмат Обидов, Комил Туранов, Марҳабо Латифова, Охунҷон Рӯзиев, Мансурҷон Қаюмов, Шарофат Солибоева, Тӯхтасин Маризоев, Мунаввара Тӯхтаева ва дигар ҳунарпешагони ҷавон шӯҳрати театр боз ҳам афзуд. Дар муддати кӯтоҳ асарҳои «Чинори гӯё», «Раъно», «Гаҳвораи Заррин», -и С.Саидмуродов, «Тӯй»,-и Самад Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и Аминҷон Шукӯҳӣ,  «Гулҳои саҳро», -и адиби қирғиз М.Тӯйбоев ба ҳукми тамошогарон гузошта шуд. Солҳои ҳафтодум театр таҳти сарварии Нишонбой Шерматов, Алӣ Умаров, Карим Хоҷиев як силсила асарҳоро аз қабили «Лайлӣ»-и М.Хоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф.ансорӣ, «Виҷдон»-и Ҳоҷӣ Содиқ, «Орият»-и Ё.Ҳалимов, «Суруди кӯҳсор»-и Ғанӣ Абдулло, «Эшони Иллоанта ва қории хиромон»-и А.Атобоев дар таҳияи С.Холиқов, М.Қурбонов, О.Оғоев рӯи саҳна оварданд.

Гардиш

Барои бо мутахассисони соҳавӣ таъмин намудани театри Конибодом назди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи М.Турсунзода аз ҳисоби ҷавонони болаёқат студияи махсус ташкил гардид.

Охири солҳои ҳафтодум ба театр омадани дастпарварони ин студия Юнусҷон Эргашев, Зӯҳро Исмоилова, Водӣ Шарифов, Карим Сулаймонов, Дилбар Сулаймонова, Саиданвар Аъзамов, Муқим Қосимов, Ҷумъа Темиров дар ҳаёти фарҳангии ноҳия гардиши куллие ба вуҷуд овард. Онҳо ба асрҳои дипломии худ- «Гирдоб»-и Султон Сафар, «Зангирӣ»-и Гогол ва «Бемории хаёлӣ»-и Молйер саҳнаи театрро ранггинтар гардониданд. Минбаъд маҳз ҳамин ҷавонон ба асарҳои ҷиддиву доманадор боҷуръатона даст заданд. Асарҳои «Бало қоим аст»-и Н.Ҳикмат, «Трибунал»-и А.Макаёнок, «Дуэл»-и М.Бойчиев, «Нурхон»-и К.Яшин, «Шаби пас аз хатм»-и Тендряков, «Шоҳина»-и А.володин нишони ҷустуҷӯву заҳматҳои эҷодкорона ва тахайюли фарогири таҳиягари пурэъҷоз Тоҳир Баҳромов буданд.Доге-аз-зоге

Дар саҳнаи театри Конибодом таҳия гардидани намоишномаи «Ромео ва Ҷулйетта» навгоние дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ гардида буд. Зеро бобати рӯи саҳна овардани ин афсонаи оламгари ишқ танҳо бузургтарин театрҳои дунё ҷуръат кардаанд. Санъаткорони конибодомӣ ин қолабро шикаста, ба таҳсини тамошогарон шарафёб шуданд.

Асари машҳури Ҳамид Ғулом «Тошболати ошиқ» мазҳакае буд, ки аз дидгоҳи тоза ба саҳна гузошта шуд. Ин мазҳака аз ҳама зиёд тамошобин ҷамъ карда, зери осмони кушод, дар байни мардум низ намоиш дода мешуд.

Барои таҳияи ин аса рва «Шоҳина»Тоҳир Баҳромов ба гирифтани Мукофоти Комсомоли ҷумҳурӣ мушарраф гардид. Як силсила асарҳои баландғояи рӯи саҳна омадаи он солҳо ба озмунҳои театрҳои касбӣ пешниҳод шуда, сазовори ҷоизаҳои аввал гардида буданд.Пас-аз-намоиши-муштараки-Ранчиши-Фармонбиби

Тамошогарони пойтахти ҷумҳурӣ ҳар сарфари театри Конибодомро бо пазмонӣ интизор мешуданд. Дар ривоҷи кори театр сарварони он Малика Шукурова, Водӣ Шарифов, Адҳам Қаландаров, Ҳакимҷон Латифов низ саҳм доштанд. Баъди бори дуюм сарвари ин даргоҳ таъин гардидани У.раҳимов ҳамкории аҳли ҳунарро бо театри ба номи Аброр Ҳидоятови шаҳри Тошканд ба амал овард. Таҳиягари шинохтаи ӯзбек Баҳодур Йулдошев асарҳои «Ранҷиши Фармонбибӣ»-и С.Аҳмад, «Арӯси сохта»-и М.Шамхалов, «Марги судхӯр»-и Садриддин Айниро ба саҳна гузошт. Ҳунарпешагони номдори ӯзбек дар намоишномаҳои театри Конибодом, ҳунарпешагони ин театр дар Тошканд ҳунарнамоӣ карда буданд.

Бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидани И.Муҳаммадҷонова дар соли 1987, Д.Баҳромова, Д.Сулаймонова дар соли 1990, Ю.Эргашев дар соли 1995 нишони эътирофи санъати баланди аҳли ҳунари Канди куҳан буд. Ба театр гузошта шудани номи ситораи санъати тоҷик Тӯҳфа Фозилова бар дӯши ҳунарпешагони як ҷаҳон масъулият гузошт. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ сазовор гардидани сарвари имрӯзаи театр Сиддиқбой Неъматов ва ҳунарпешаи хушовоз Матлуба Мирзоҷонова –барандаи Ҷоизаи созмони ҷавонони ҷумҳурӣ гардидани ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки чароғи ҳунари ин даргоҳ ҳамеша фурӯзон аст. Сафарҳои ҳунарӣ ба аҳли театр илҳом мебахшид. Ҳунари санъаткорони Конибодом тамошобинони Ӯзебкистону Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистонро ба тасхир меовард.Чашнгирии--рузи-театр-с-1987

Сурудҳои дилошӯби Обидҷон Бобоҷонов, Абдураззоқ Тӯхтабоев, Абдуғаффор Олтмишев, Мастон Маҳкамова, Кимсан Каримов, Муҳаббат Тоҳирова, рақсҳои шӯрангези Санавбар Олимова, Чинигул Мамадова, Майрам Ғайназарова, Марҳабо Латифова, Мукаррама Рустамова, ҳаҷви намакини Мансурҷон Ризоев, Умарҷон Сатторов, Латифҷон Шодиев, созҳои гӯшнавози Абдумаҷид Қодиров, Ӯктам Мӯъминов, Зоҳирҷон Толибов, Соҳиб Шарифов, Исроил Сангинов, Абдуқодир Тошпӯлотов, Исматулло Усмонов, Ӯктам Шерматов, Латифҷон Ғафуров, Комил Дадабоев дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтанд.

Солҳои навадум

Солҳои навадум дар фаъолияти театр коҳиши молиявӣ ба вуҷуд омада бошад ҳам, санъаткорони ҷонфидои касби хеш ҳама мушкилотро пуртоқатона паси сар карданд. Аҳли театр дар таҳияи Мухторҷон Ҳайдаров, Юнусҷон Эргашев ва Солеҳҷон Холиқов як силсила асарҳоро аз қабили «Кооперативи тӯмор»-и Шамсӣ Қиёмов, «Як калаву сад хаёл»-и Усмонҷон Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С.Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и Мубинҷон Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ, «Модар нигарон буд»-и Файзулло Ансорӣ ва як қатор намоишномаҳои бачагонаро ба саҳна гузоштанд. Баргузор гардидани шабҳои эҷодии ҳунармандон Саиданвар Аъзамов, Мараҷаб Узоқов, Абдуқодир Бобоҷонов, Тиллобой Иброҳимов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Дилором Баҳромова аз як ҷониб боиси дилгармии аҳли санъат шуда бошад, аз ҷониби дигар онҳоро ба тамошобин боз ҳам қаринтар гардонид. Театр шӯҳраташро аз нав барқарор карда, дар озмунҳои ҷумҳуриву вилоятӣ бо намоишномаҳои «марги судхӯр», «Парвона», «Сӯҳони қазо», «Товони гӯсола» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардид. Ба намоишномаи «Умри гузарон» Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандии Ҳукумати вилояти Суғдро сазовор донистанд. Он тавассути симои маҳаллӣ манзури тамошобинон гардида, ба намоишномаи дӯстдоштаи мардум табдил ёфтааст.Марги-судхур-1Навоинома-1

Аҳли театр дар симои Ҳукумати шаҳр такягоҳи доимӣ ва ғамхори ҳунарпешагонро мебинад. Иштироки бевоситаи раиси шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Бибихон Азизова дар маросими супоридани намоишномаҳо ва дигар чорабиниҳо гувоҳи гуфтаҳои болост.

Бо кӯмаки ин фарди бофарҳанг театр тӯли чанд соли охир бори аввал хушсифат таъмир гардид. Аз ҷониби ҳукумат ҷудо шудани манзил ва қитъаҳои замин ба як қатор ҳунарпешагон ба беҳтар шудани шароити зисти онҳо мусоидат намуд.

This slideshow requires JavaScript.