№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016 / sadoimardum.tj

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣбо коргардони туркман Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ намоишномаи «Ваҳваҳабонувон»-ро ба саҳна гузошта, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби ҷоизаи хосаи озмун гардид.

Ҳунарпешагони театр, ҳамчунин намоишномаи «Суди девонагон»-ро дар коркард ва таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ аз рӯи асарҳои фоҷиавии нависандаи бузурги англис Уилям Шекспир -«Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» ба саҳна гузоштанд.

Ин лоиҳа аз ҷониби Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дастгирӣ ёфта, тӯли як сол таҳия гардид ва нахустнамоиши он дар шаҳри Конибодом,  сипас дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт ва Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тамошобинон намоишномаро бисёр хуб истиқбол карданд. Он аз ҷониби мутахассисони соҳа низ баҳои баланд гирифт. Мақсади ҳунарпешагони театр нишон додани фоҷиаи рӯзгори  муҳоҷирон мебошад, ки ба хотири дарёфти қутти лоямут ва таъмини рӯзгори хеш тарки зодгоҳ мекунанду баъдан ғановати рӯҳии хешро аз даст медиҳанд.

Намоишномаи мазкур ба фестивали кушоди осиёимиёнагии фарҳанг ва санъат дар пойтахти Англия – ватани Шекспир — шаҳри  Лондон, ки моҳи августи соли равон баргузор мешавад, даъват шудааст, ки ин боиси ифтихор аст.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»