Киностудияи Қирғизфилм аз рӯи сенарияи филмсози тоҷик Искандар Усмонов филм бардошт.
Филм масъалаи ташвишовари имрӯзаи марзи ин ду кишвари ҳамсояро баррасӣ карда дӯстии ин ду халқ ва дигар алоқамандиҳои ба ҳам зичи тоҷику қирғиз сутуни асосии филми “Чиро фаромӯш кардам?” ба ҳисоб меравад. Ин як қисми филми пурраметраи Искандар Усмонов буда, аз вазъ ва зиндагии мардуми наздимарзӣ нақл мекунад.
Идеяи филми он аст, ки – мегӯяд муаллиф, – ҳамаи мо аз як гаҳвора, аз як бани одам офарида шудаем ва бояд дар фазои дӯстиву рафоқат ҳаёт ба сар бубарем. Чунин мавқеи инсонпарварона ва нигоҳи эҷодкоронаи муаллифи тоҷик аз ҷониби филмсозони қирғиз дастгирӣ ёфт ва барои бардоштани филми “Чиро фаромӯш кардам?” студияи “Қирғизфилм” азм намуд.
Тинчтик Абилкасимов, коргардони филм мегӯяд, ки марз ва забон наметавонад тоҷику қирғизро аз ҳам ҷудо кунад, зеро мо чанд арзишҳои дигари муштарак дорем, ба монанди дин, расму оинҳо, фарҳанги ба ҳамдигар монанду омезиш ёфта ва ниҳоят алоқаҳову рафту омадҳои чандинасра ин ду халқро ба ҳам сахт алоқаманд кардааст. Ва меҳвари асосии филми муштараки мо ҳам ҳамин арзишҳоанд.
Барои иҷрои нақшҳо дар лоиҳаи мазкур ҳунармандони Театри Конибодомро, аз ҷумла Умаралӣ Сатторов, Фарҳод Сидиқов, Наимҷон Мирзобобоев ва Фариштамоҳи Фарҳоддухти хурдакакро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Филмбардори дар марзи Исфара-Боткент тӯли як ҳафта давом карда ҳоло дар дасти тадвин қарор дорад ва аллакай ба якчанд ҷашнвораҳои байналмиллалӣ даъватнома гирифтааст.