Ҳунармандони театри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом роҳи дигари ҷалби наврасонро ба театр пайдо кардаанд: онҳо вобаста ба иду ҷашнҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои тамошобинҳои хурдсолашон рўзҳои дари бози театр мегузаронанд. Дар ин рўзҳо хоҳишмандон имкон доранд аз пушти саҳна дидан карда, чун ҳунарманд дар саҳна тамрин кунанд, машқи мусиқӣ гузаронанд, китобу пиесаҳоро хонанд, аз архиву анборҳои театр дидан кунанд.

Дар ҳамин шабу рўзе, ки мардум аз набудани тамошочӣ дар театрҳои пойтахт доду фарёд зада, рўзноманигорони худ боре ба театр нарафта дар ин мавзўъ гузориш таҳия мекунанд, дар як гўшаи кишвар – шаҳри Конибодом театр зинда аст. Зинда ба маънои томаш.
Яъне, он ҷо намоиш ҳаст, репертуари сатҳи ҷаҳонӣ ҳаст, тамрини намоишҳои нав ҷараён дорад, ҳунарманд МАОШ мегирад. Ин ҳама хеле муҳиманд ва он ҳам дар шароите, ки мегўянд, буҳрони иқтисодӣ идома дорад. Борҳо мепурсанд, ки ин қадар зиёд дар бораи театри Конибодом мегўянд, вале оё он ҷо ҳам кўдакону наврасон мисли дигар театрҳо маҷбурӣ ба театр ҷалб мешаванд, ё бо ҳар роҳу воситаи ҳавасмандкунӣ?
Ҳунармандони театри ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом роҳи дигари ҷалби наврасонро ба театр пайдо кардаанд: онҳо вобаста ба иду ҷашнҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ барои тамошобинҳои хурдсолашон рўзҳои дари бози театр мегузаронанд. Дар ин рўзҳо хоҳишмандон имкон доранд аз пушти саҳна дидан карда, чун ҳунарманд дар саҳна тамрин кунанд, машқи мусиқӣ гузаронанд, китобу пиесаҳоро хонанд, аз архиву анборҳои театр дидан кунанд. Ҳатто озмуну мусобиқаҳо барои ҷалби онҳо ташкил шудааст. Ба онҳо иҷоза аст, ки рўи за- мини ҳавлии театр тасвирҳои мехостаашонро бикашанд.
Ёдам ҳаст, ки бахшида ба 140-солагии Устод Айнӣ дар фасли тирамоҳ ба мактабу кӯчаҳо рафта, намоиши “Марги судхур”-ро дар шакли хиёбонӣ иҷро мекарданд. Ин намоиш соли 2017 дар 3-юмин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои хиёбонӣ “МестоДе” дар Бишкек муаррифгари кишвари мо буд. Яъне, мо, ҳунармандонро, зарур аст, ки гоҳо ба театрҳои хиёбони рў оварем, агар тамошочии мо дар бозору кӯча аст. Аммо бояд ба назар гирем, ки намоиш дар сатҳи ҳирфавӣ таҳия шуда бошад, то сатҳу обрўи театрро боло кунад, на дар сатҳи кўча нигоҳ дорад.
Тасмими ҷадиди аҳли ҳунари ин театр ин аст, ки дар назди мактабҳои миёна курсҳои актёрӣ кушоданд. Ин мисли таълимоти мактабҳои Аврупову Амрико баробар ба театри назди- мактабӣ мешавад. Дар ин дарсҳо талабаҳо ба таври хоҳиш берун аз соати дарсӣ аъзо шуда, бо коргардон ва ҳунарманди ҳирфавии театр Муҳиддин Музаффар ва дигар ҳунармандони шаҳр дарсҳо мегузаранд. Яъне, онҳо имрўзу фардо на чун ҳаваскор, балки чун ҳунарманди ҳирфаӣ ба театру касби актёрӣ муносибат мекунанд. Будани чунин театрҳои наздимактабӣ, пеш аз ҳама, завқи хонандаро боло мекунад, то ў дар оянда як шунавандаи хуби мусиқӣ, хонандаи китоби беҳтарин, тамошочии ҳунари асил бошад. Бигзор аксарияти таълимгирифтаҳои чунин театрҳо дар оянда ҳунарманд нашаванд, ки ин шарт ҳам нест. Муҳим, онҳо барои ҷомеа инсони хушзавқ, дорои интихоби худ ва соҳиби андешаи озод ба камол мерасанд. Муҳимтар аз ин ҳама, тамошочии хуб шуда, оянда бо аҳли оилаашон ба театр меоянд.
Яъне, роҳи пеш гирифтаи ҳунармандони Конибодом боиси омўзиш ва амалӣ кардан дар дигар минтақаҳои кишвар ҳаст. Тамошочиро аз боғча ва мактаб бо ин роҳ ба театр ҷалб бояд кард. Худи роҳбарият ва ҳайати ҷавони театр, ки ҳоло қувваи асосӣ ҳисоб мешаванд, таълимгирифтаҳои чунин сабки кориянд, онҳо мисли ҳамин наврасакон 15-20 сол пеш дар студияи актёрии назди театр бо роҳбарии ҳунарманд Юнусалӣ Эргашев таълим мегирифтанд. Инак, баъди хатми ин студияву Донишгоҳҳои олӣ ҳунар дар дохилу хориҷи кишвар, омаданд, то театри зодгоҳашонро обод кунанд. Ҳоло дар баробари корҳои омузишӣ барои кўдакону наврасон дар театр худи ҳунармандон ва роҳбарияти он ҳамеша пайи омузишу пайдо кардани роҳҳои нави таблиғи театр ҳастанд. Иштирокашон дар ҷашнвораву конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳамин хотир аст, ки бо кӯлвори пур аз идея ба шаҳри худ баргарданду онро ба манфиати миллату кишвар амалӣ кунанд. Дар роҳи амалӣ кардани мақсаду мароми ин ҷавонони пур кор ҳамеша Роҳбарияти шаҳри Конибодом бо онҳост ва пушти лоиҳаву барномаҳои корӣ Дафтари Ҳамкориҳои Швейтсариву Институти Гёте дар Осиёи Марказӣ кӯмакрасони онҳост. Дуруст, ки мақсаду ниятҳои созандаро бе маблағ намешавад реалӣ кард ва барои ин кумакрасони молиявие лозим аст, ки театр аз чанголи қашшоқӣ бираҳад.
Театри Конибодом бинои қадимтарини театрҳои кишвар аст. Имсол театрчиёни шаҳр бо дастгирии Вазорати фарҳанг соҳиби чанд нуқтаи истифодаашон барои ҳунармандон зарурӣ шуданд. Интизор меравад, ки имсол низ бо кўмаки молии вазорат гўшаҳои дигари театр таъмиру обод шаванд. Муҳим бинои кӯҳна нест, чун таҷриба дар кишварҳои театрзо нишон додааст, ки обрўи театр ба намоиши нав ва сатҳи ҷаҳонӣ марбут аст.
Ин ҳамаро ҳунармандони театри мазкур доранд. Дар пойтахт истодаву мунтазири пайёмҳои нав аз ин гўшаи диёрем, чун театр ин ҷо ЗИНДА аст.

Нусха аз мақолаи “Театри шаҳри Конибодом зинда аст!”- и рӯзномаи “ИмрӯзNews”, 7 январи 2019. 

Далер Имомалӣ