Садои Конибодом / 15 майи 2019
Ба муносибати 90 солагии аълочии фарҳанги Иттиҳодӣ Шӯравӣ Солеҳҷон Холиқов
УМРЕ, КИ ДАР САҲНА ПАСИ САР ШУД…
Яке аз сарсупурдагони театри миллӣ, аълочии фарҳанги Иттиҳодӣ Шӯравӣ ва Тоҷикистон Солеҳҷон Холиқов 15 майи соли 1929 дар шаҳри Конибодом дар оилаи косиб ба дунё омада, мактаби рақами 25, омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Орҷоникидзеобод, студияи вокалии назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, донишкадаи санъати театрии шаҳри Тошкандро хатм намудааст. Ин донишкада соли 1945 ташкил шуда, Солеҳҷон Холиқов баробари Гурминҷ Завқибеков, Қимматшоҳ Ҳимматшоев, Ҷӯрахон Обидов, Баротбой Содиқов аввалин ҷавонони санъатдӯсти тоҷик буданд, ки соли 1954 онро хатм кардаанд. Солеҳҷон нозукиҳои пешаи коргардониро аз устодони соҳа Маннон Уйғур, Николай Ладигин омӯхта, баъди хатм дар театри вилояти Ленинобод (бинобар ривоти дигар дар Кӯлоб) ба кор шурӯъ намуд.
Чун театри Конибодом, ки театрҳои Ашту Исфара ба он пайваста мақоми байниноҳияви гирифта буд, ниёз ба коргардони ҳирфаи дошт, вазорати фарҳанг ӯро соле пас саркоргардони театри зодгоҳаш таъин кард. Коргардони ҷавони боҳунар бо дасту дили гарм ба кор шурӯъ карда, дар муддати кӯтоҳ чанд намоиш ба саҳна гузошт. Аммо ҷанге, ки даҳ сол пеш ба охир расид, ба рӯзгори мардум асари худро гузошта буд ва таваҷҷуҳ ба театр кам шуда, 15 майи соли 1956, тасодуфро бинед, дар 27-мин соли мавлуди саркоргардон театр баста шуда, ҳайати он ба театри Ленинобод гузаронда шуд. Ин театру ҳунармандонаш барои Солеҳҷон бегона набуд, ҳамсолу ҳамкасбаш Рустам Эркабоев, ҳаммаслаконаш Одилҷон Назаров, Тоҳир Тоҷибоев, ҳамдиёраш Муътабар Иброҳимова дар ин коргоҳи ҳунар кор мекарданд ва театр ҳам имконияти фаровон дошт. Ҳамчунин ӯро театри лӯхтаки шаҳри он замон навбунёди Чкалов низ даъват мекард ва Солеҳҷон бинобар аъло донистани забони руси бо ин театр низ ҳамкори дошт.
Ҳаммаи ҳамкорону ҳамсолонаш баъдҳо ба унвонҳои баландшарафёб шуданд, аммо Солеҳҷон ба хотири модар боз ба зодгоҳ баргашт ва якумр дар театри музофот монд. Мудир ва роҳбари бадеии хонаи маданияти ба номи Лоҳутӣ буд. Вақте соли 1960 театри халқӣ ташкил шуд, боз ҳам саркоргардони ин театр таъин шуд. Ҳофизони халқии Тоҷикистон Мирзобобо Аҳмадов, Ҷӯрабой Бобоев, овозхонҳо Мамадҷон Мавлонов, Ғайрат Шодиев, ташнаи ҳунарнамои буданд ва бо хушҳолӣ ба ин театр пайвастанд. Ҳамон сол намоиши пйесаи “Хоҳӣ нашавӣ расво…” аз рӯи асари Шамси Қиёмов собит намуд, кормандони камшумор ва қариб бемаоши театр Маҷид Қодиров, Мукаррама Рустамова, Дадо Болтаев, Ҷӯра Мӯъминов ва Баротбой Содиқов ба чӣ корҳо қодиранд. Солеҳҷон ба адиби тоҷиктабори инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ меҳри зиёд дошт, руҷӯ ё монологҳоро аз драмаҳои ин адиб бо камоли ҳунар иҷро мекард. Соли 1961 ӯ “ Ҷазои тӯҳматчиён”-и Ҳамзаро бо ҷалби коргарони коргоҳи дӯзандагӣ ба саҳна гузошт ва онро дар арафаи 8 март тамошобинон гарм истиқбол карданд. Бале ӯ ҳамеша ҷӯёи истеъдодҳо буд ва барои ба олами ҳунар раҳнамоӣ кардани ҳар навраси соҳибистеъдод кӯшиш мекард. Аз ҷумла нақши Ширин дар пйесаи “Хоҳи нашави расво…” аз аввалин офаридаҳои Дилором Баҳромоваи 14 сола буд ва худи Дилором кашфи Солеҳҷон Холиқов буд.
Соли 1966 дар азназаргузаронии театрҳои халқии ҷумҳурӣ театри Конибодом ҷои аввалро гирифт ва коргардони он Солеҳҷон Холиқов бо дипломи дараҷаи аввал ва дастгоҳи суратгирӣ мукофотонида шуд.
Аммо азсаргирии фаолияти театре, ки ба олами санъат се ҳунарпешаии мардумии СССР-ро додааст, орзуи деринаи ӯ буд ва баъди 13 сол, танҳо соли 1969 дасташ ба гиребони орзу расид. Солеҳҷон дар театри дубора тавлидшуда саркоргардон таъин шуд. Барои дастгирӣ аз пойтахт дастпарварони театр Тӯҳфа Фозилова ва драмнавис Султон Саидмуродов омаданд. Машқи спектакли “Зафар в Заррина” шурӯъ шуд. Ин асари бузургҳаҷме буд, ки дар он 30 ҳунарпеша бояд нақш меофарид. Истедоди аксари ҳунарпешагон, ки имрӯз машҳуранд ҳамон вақт кашф шуда буд. 12 декабри соли 1969, рӯзе ки ин намоиш якумин бор ба тамошобин пешкаш гардид, дар Конибодом иди театр шуд. Ин музаффарият ё триумфи театри Конибодом буд, ки Солеҳҷону ҳамкешонаш барои то ин рӯз расидан солҳо хуни дил хӯрданд. Ҳамон соли 1970 таҳти роҳбарии ӯ пйесаи “Орият”-и Ёқуб Ҳакимов ба забони ӯзбекӣ намоиш ёфт.
Соли 1973 Солеҳҷон ба асарҳои Ҳамза рӯй овард ва ҳамроҳ бо Султон Саидмуродов “Найрангҳои Майсара”-ро ба саҳна гузоштанд. Соли 1976 асари яке аз аввалин драмнависони ӯзбек Ғулом Зафарӣ “Ҳалима” бо илқои Солеҳҷон ва коргардонии Солеҳҷони дигар – Холматов ба ҳукми тамошобин гузошта шуд.
Баъди ин обҳои зиёде ҷори шуданд, ба театр сарварони зиёди аз кори театр огаҳу ноогаҳ коргардонҳои бисёре омаданду рафтанд, аммо Солеҳҷон Холиқов ҳамон инсони ба ин даргоҳ содиқ монд. Ҳунари ӯ ба дараҷае дили мардумро тасхир карда буд, ки дар яке аз гузоришҳои рӯзномаҳои он замон варо “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон” ном бурдаанд. Ӯ чунин унвонро надошт, аммо чун нардбоне буд барои болотар рафтани шогирдон ва тавре ёру пайвандонаш мегӯянд, “кораш буду гапаш набуд”, ҳар рӯз дар ҳар шароит бори эҷод кашид ва бо ҳамин хоксорӣ соли 2005 ҷаҳонро падруд гуфт, вале ёди некаш дар дилҳо монд, ки суханҳои гарми шогирдону ҳамкоронаш гувоҳи ин гуфтаҳо ҳастанд.
ИНСОНИ БЕҒАРАЗ
Саиданвар Аъзамов: Соли 1975 дар озмуни телевизионии “Бӯстон” ширкат намудам ва баъди он аз коргоҳи ресандаги ба хонаи маданияти рақами 2 ба кор омадам. Ҳамон сол аз Душанбе барои интихоби донишҷӯён ба театр-студияи доникадаи санъат Тамара Абдушукурова ва Ашӯрбиби Азимова омаданд. Солеҳҷон ако ончунон ба мо мухлиси карданд, ки ногуфтани. Баъди дохил шудан худашон моро дар хобгоҳ ҷой карда, маро сардори бачаҳо таъин карда омаданд.
Вақте донишкадаро хатм кардем боз Солеҳҷон ако бо мошини боркаш ороиши саҳнаи се спектакли дипломии моро ба театр оварданд, ҳаминхел як инсони беғараз буданд.
Умарҷон сатторов: Соли 1977баъди хатми омӯзишгоҳи фарҳанг аввал дари театрро кӯфтам, вале онҷо кор набудааст, як сол сиёдтар дар идораи фарҳанг кор кардам. Соли 1978 Солеҳҷон ако маро ба иҷрои нақш дар спектакли “Виҷдон” таклиф карданд. Баъди иҷрои ин нақш “Ту барои саҳна офарида шудаӣ” гӯён дар театр қабул кунониданд ва гарди домони он бузургвор расиду инак 41 сол мешавад, ки кор мекунам.
ЯКРӮЮ ЯКДИЛ
Усмонҷон Раҳимов: Соли 1968 як воқеа сабаб шуду аз овозхонии кумитаи радио ва телевизионии ҷумҳурӣ ҳисобӣ карда, ба Конибодом баргаштам. Дар мактаб орому осуда кор мекардам, ки ба кумитаи ҳизби шаҳр даъват карданд. Назди Роҳбар Қосимов Солеҳҷон Холиқовро дида, ба асли масъала каме сарфаҳм рафтам. Котиби райком моро масъули омода кардани театри халқи ба азназаргузаронии ҷумҳуриявӣ таъин кард ва аз ҳамон рӯз даву този мо сар шуд. Солеҳҷон ако дар корҳои ташкилӣ хеле ҳунарманд буданд. Дар фурсати кам ҳаваскоронро яккачин кардем. Ман як саҳнача навиштам, ки Солеҳҷон ако ба саҳна гузоштанд.
Дар Душанбе ҷои аввалро гирифтем ва моро ба телевизион барои ҳунарнамои даъват карданд. Рӯзи аввал саҳначаҳоро нишон додем, рӯзи дигар бояд овозхонҳо ҳунар менамуданд. Субҳи рӯзи дигар ба сайри Душанбе баромада, бо котиби райкоми Конибодом-Роҳбар Қосимов, Колхозобод-Сироҷиддин Исоев, Вахш-Қосимхӯҷа Саидов вохӯрдем. Қосимов хурсандиашро дошта наметавонист:
Шаб ҳаммаро қоил кардед! Ҳама аз ман мепурсанд, ки Конибодом кай театр ташкил кардед? Ман бо ифтихор гуфтам, ки Солеҳҷон Холиқов гуфтани режиссер дорем, ки аз коргардонҳои номдори Тошканд монданӣ надорад.
Шояд ҳамин азназаргузарони сабаб шуд, ки дар Конибодом дубора театри давлати кушода шуд. Ман муовини сарвар, Солеҳҷон ако саркоргардон. Ман ба ин даргоҳ ду навбат директор шудам ва медонам, ки ними бори театрро Солеҳҷон ако мекашиданд.
ДУНЁРО ДОДА БУДАНД…
Абдуваҳҳоб Содиқов: Соли 1950 падарам ба донишкадаи кишоварзӣ аллакай дохил шуда буданд, ки Солеҳҷон ако он касро “аз роҳ зада” ба Тошканд мебаранд. Падарам дар шӯбаи актёрӣ, Солеҳҷон дар шӯбаи режиссура таҳсил мекунанд…
Вақте соли 1956 театрро бастанд, сарсонии ҳарду сар шуд. Як муддат дар театри вилоят кор карданд, сонӣ падарам дар комбинати консерв қутисозӣ кор карданд, муддате дар почта ва оқибат дар ҷамъияти матлубот фурӯшанда шуданд. Ҳамин фурӯшгорӣ зиндагии фақиронаи моро андаке сомон мебахшид, ки боз Солеҳҷон ако дахолат намуда, ба воситаи райком падарамро аз кор холӣ кунонда ба театр оварданд.
Ҳарду чу себи дукафон дар хӯю хислат ба ҳам монанд буданд. Ҳамеша ё дар хонаи мо ё дар манзили Солеҳҷон ако нақшҳоро машқ мекарданд. Ҳарду ба шавқ омада аз намоишҳо монологҳо қироат мекарданд. Шавқи маро ба созу суруд низ Солеҳҷон ако дарк карда, падарамро маҷбур карда буданд, ки маро ба мактаби мусиқӣ диҳад. Он замон зиндагӣ серу пур набуд. Ман ба як тахтача ду торро мех карда, ба таври худ рубоб сохта будам ва дар хона бо он “машқ” мекардам. Як рӯз Солеҳҷон ако дар даст як чизи махмалпечро оварда, “кани инро кушо-чӣ” гуфтанд. Дар он ғилоф рубоби наппа-нави тошкандӣ буд, ки ман ҳатто орзу карда наметавонистам. Ҳолати онрӯзаи маро тасаввур карда наметавонед. Он кас ба ман замину осмонро дода буд гӯё. Ҳаминхел дилкушоду олиҳиммат ва хайрхоҳ буданд ин ошнои дадом.
ПИРИ БАТАДБИРИ МАН
Обидҷон Бобоҷонов: Аз Абдувоҳид Бобоҷонов дарси соз, аз Солеҳҷон ако дарси саҳна омӯхтаам. Ба шарофати устод чун “Обидҷон Бобоҷонов” ном ёфтам, ними дунёро дидам. Соли 1966 баъди ғолибият дар озмуни театрҳои халқӣ мо 12 нафарро Солеҳҷон ако ба ҳайъати гурӯҳи фарҳангиёни тоҷик, ки ба маскав мерафтанд, шомил карданд ва рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои халқ ҳунарнамои кардем. Он кас барои театр, барои шогирдон аз баҳри ҳама чиз мегузаштанд. Ҳар яки моро ба радио бурда сурудҳоямонро сабт мекунонданд. Ҳатто маро ҳамроҳи Мавлуда Обидова ба донишкадаи санъати Маскав фиристодани буданд, аммо падарам розӣ нашуданд.
Дар ҷумҳурӣ, дар Сурхондарёву Тошканду Фарғона ҷое набуд, ки Солеҳҷон Холиқов рафта барои ҳунарнамоии мо замина тайёр накарда бошанд. Зимистони соли 1969 аз як метр зиёд барф борид, аммо барои коҳиш наёфтани обрӯи театр он кас моро бо қатора ба водии Вахш бурданд, зеро барномаҳо аз пеш тарҳрезӣ шуда буд.
Дӯстонам аз ноҳияи Айни ба ман шаҳреро нишон доданд, ки Солеҳҷон ако аз он бо мошин ба дарё сарозер шудаанд. Одатан дар чунин фалокат касе ҷон ба саломат намебарад ва Солеҳҷон акои бо амри тасодуф осебе надида дар дар ин бора чизе нагуфта буданд. Вақте асаре бо номи “Навоийнома” таҳия карданд, нақши шоирро Юнусҷон Эргашев ва нақши Ҳусайни Бойқароро ман бозидам, дар Ӯзбекистон ҳама ҳайрон шуда буданд, чи гуна як театри музофоти ва он ҳам тоҷикӣ намоишро бо забони ӯзбеки бо ин фасоҳат ба саҳна гузошааст.
Мавлуда Обидова: Агар ҳамма меҳру муҳаббатамро дар бораи устодам изҳор кунам, ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Қадри он кас назди ман аз ҳама болост. Худо хоҳад дар ҷашни ҳафтодсолагиям, ки ба наздикиҳост, дар бораи Солеҳҷон Холиқов хеле ва хеле чизҳоро хоҳам гуфт. Агар дар олам аввал ба Яздони пок саҷда орам, дуюм ба номи Солеҳҷон ако суҷуд меорам.
ДИЛИ ТЕАТР БУДАНД
Замира Холиқова: Ҳар гоҳ чашм пӯшам, пеши назарам меояд, ки модарам аз танӯри гарм нон мекананд ва падарам аз пеши он ду нони супсурхро гирифта ба театр мешитобанд. Барои падарам театр хонаи дуюм ё маънии зиндагӣ буд. Ҳануз то дубора кушода шудани театр дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ аз санъати сухан дарс мегуфтанду аз ҳамонҷо ҳам истеъдодҳоро меҷустанд. Боре як духтари ҳунарманду хушовозро чун ҷавони ояндадор ба донишкадаи санъат мебаранд, вале ба падару модараш меянд, ки духтаратонро ба риштаи китобдорӣ дохил кардам. Аммо духтар ҷавонӣ мекунад, ба ким-кадом тӯй овозхонӣ меравад. Ин гап ба Конибодом расида, волидонаш ҷанҷол бардошта омада буданд. Ҳатто падари Мавлуда Обидова ба қасди падарам афтода будааст.
Падарам гӯё дили театр буданд. Он касро тамоми раисони хоҷагиҳо мешинохтанд. Назди ҳар раис рафта илтиҷо мекарданд, ки кормандонро ба театр фиристад ва мошин мошин колхозчиён ба тамошо меомаданд. Гоҳо модарам, ки либосдори театр буданд, падарамро сарзаниш мекарданд, ки шумо баҷои директору муовину ким-киҳо медавед. Аммо ин падарамро аз роҳ намегардонд. Барои он ки театр барои рангубор, рассом маблағи калон сарф накунад аз нахустнамоиш аксҳои бузург гирифта, дар сари роҳи калон, дар тахтаи махсус меовехтанд ва бо ҳамин театрро ташвиқ мекарданд. Падарам ягонбор таътилашонро дар хона нагузарондаанд. Албатта ба театрҳои Маскав ё Ленинград ҳеҷ набошад, ҳамроҳи Баротбой Содиқов ба Тошканд мерафтанд. Ба театрҳои он ҷо ҳавас мекарданд, мехостанд театрҳои мо ҳам ободу пуртамошобин бошад. Ин орзуи падарам солҳои ҳафтодуми асри гузашта қисман амали шуд. Ман он солҳоро давраи тиллоии театр ҳисоб мекунам. Ҳар намоиши нави театр дар шаҳр гӯё ид мешуд, кӯчаҳо чароғон, аз тамоми корхонаҳо, колхозҳо бо навбат ба тамошо меомаданд. Либосовезак, толори гарм, мусиқии пуршӯр таҳти идораи Комилҷон Туранов, занги якӯм, дуюм, сеюм, кӯчаҳои чароғон ва мардуми саргарми муҳокимаи намоишнома равон… Он солҳо аз падарам хушбахттар касе набуд дар олам.
Таҳияи М. АҲӮРМУҲАММАД
Санаи 20 Майи солми 2019 дар толори Театри Конибодом 90 солагии Солеҳҷон Холиқов бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар зер аксҳо аз рафти баргузории он.