Аз 15 то 22 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2019» баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивал-озмун ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуда, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Дар Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Ба Фестивал-озмун беҳтарин намоишномаҳое пешниҳод мешаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 рӯи саҳна омадаанд.