Пайки солинавӣ

Шумо боре роҳзанеро дидаед, ки якбора бачаи нағз шуда тамоми молу мулки ғораткардашро ба кудакон ройгон туҳфа кунад? Ин хел “Роҳзан” танҳо дар театри шаҳри Конибодом даст ба ғорати ҳушу ёди кудакону наврасон мезанад. Ба олами сеҳрангези театр ҳидоят мекунад.

Дарёфти ҳадяҳои солинавӣ барои кӯдакон аз аз ҷониби ҳунарпешагони театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом басо фараҳбахш буд. Вақте сардори дастаи роҳзанҳо баъди  намоиши “Роҳзан” дар иҳотаи  Бобои барфию Барфак байни мухлисони хурдсоли театр туҳфаҳоро тақдим мекунад, шодию сурури кӯдакон интиҳо надорад. Дар атрофи арчаи солинавии майдони шоҳ Исмоили Сомонии  шаҳри Конибодом ба шарофати ҳунарнамоии актерони театри Конибодом воқеан ҳам муъҷиза рух дод: Роҳзани саҳнавӣ аз қадами соли нави 2019 халтачаҳои меҳрубониро боз намуда ба кудакон як-як туҳфаҳоро тақдим намуд.

Аҷоиб муъҷизаҳое дорад олами театр. Наход як дузди гузаро ва роҳзани якчашма якбора меҳрубон шуда ба мухлисони хурдсоли театр туҳфа тақдим кунад? Бале, дунёи муъҷизаҳост, дунёи театри шаҳри Конибодом!

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати фаро расидани соли нави  2019 ҳунармандони Театри Конибодом дар майдони  Исмолии Сомонии шаҳр дар доираи лоиҳаи “Театре дар Шаҳр ва Шаҳре дар Театр” Флеш-моби солинавӣ баргузор намуданд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Дафтари Ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон дастгирӣ шудааст.

Бобои барфию Барфак дар ҳалқаи  қаҳрамонони намоиши “Роҳзан”  ва дигар қаҳрамонҳои афсонавӣ бо  мардуми шаҳр  ҳар гуна бозиҳо намуда кӯдакони фаъолу зиракро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуданд.

Давоми таътили зимистонаи мактабиён дар театри Конибодом амалҳои ғоратгариро “Роҳзан” идома дода, қалби садҳо мухлисони наврасро тасхир мекунад.

Зайнуддин Орифӣ