Санъати театрӣ ё худ намоиши театрӣ ин маҷмӯи навъҳои гуногуни ҳунарҳои эҷодист.
Агар санъати тасвирӣ, мусиқӣ, рақс, овозхонӣ, нутқ ва ҳамаи дигар санъатҳои ҳунарӣ дар алоҳидагӣ гули зебоеро монанд, пас Театр дастагули зебову атрогинест, ки гулҳои гуногуни зиёдеро дар ҳам оварда.
Шӯъбаи таблиғи Театри Конибодом дар доираи лоиҳаи “Театре дар Шаҳр ва Шаҳре дар Театр” санаи 12 сентябри 2019 дар мактаби санъати шаҳри Конибодом флеш-моби “Қадаме то Театр”-ро баргузор намуд.
Бо толибони ҳунари мактаби санъат атрофи мафҳуми Театр сӯҳбатҳо ороста дар мавриди пайвандии ҳунари омӯхтаистодаи онҳо бо санъати театрӣ машғулиятҳо баргузор карда шуданд. Барои ҷалб ва дилгармии санъаткорони оянда ба Театр ба ҳунаромӯзон ҳадяи хотиравӣ ва варақаи иттилоотии “Фарҳанги ташриф ба Театр” бахшида шуд.
Ин бори чандум аст, ки дар доираи лоиҳаи “Театре дар Шаҳр ва Шаҳре дар Театр” ба тамошобинони хурди фаоли имрӯзу фардои Театр чунин ҳадяҳо ва хотираҳо бо тамғаи Театри Конибодом бахшида шуданд, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дастгирии моддӣ ва маънавӣ меёбанд.