Ҳафтаномаи “Оила” 30 январи 2019.

Падар аз дасти қарзи бонк вафот кард. 

Аммо ин дар намоиши театрии ш. Конибодом на дар зиндагӣ

Муҳаббат, муҳоҷират, туй барпо кардан, ҷудошавӣ ва боз муҳоҷирату муҳаббат…Мисли занҷираеро мемонад, ки имрӯз ҷомеаи моро нигарон мекунад. Аксарияти онҳое, ки туйи бо даб- дабаву ҳам-ҳама барпо кардаву ситораҳои тобноки эстрадаро даъват мекунанд бо пули муҳоҷират оила барпо менамоянд. Ҳаммаи мо дар атрофамон садҳо нафарро мешиносем ва шояд худи мо низ ҳастем, ки рафта бори муҳоҷират кашидем то барои се соати хушҳолиямон дар рузи туй ба як ситораи боҷило ё беҷилои мусиқӣ диҳем, ниҳояти ин хушҳолимон низ дер давом намекунад ва мерасем ба рӯзе, ки мегуем барои интихоби оила саросема будем, хато кардем ё ба ҷойи мо модарамон интихоб карду ин духтар ба ман маъқул нест. Бо ин вирусе, ки бачаву бачадор аст ва гуфтем монанд ба занҷираи бе сар аст бояд мубориза бурд. Бо чи роҳ? Адабиёт, синамо, мусиқӣ, театр ва ВАО. Ҳамин аст, ки ҳунармандони театри шаҳри Конибодом ба номи Туҳфаи Фозилова низ пай бурданд мушкилиро ва дарҷ мекунанд, ки яке аз проблеммаҳои муҳими шаҳри мо ҳам ҳаст. Бори сангини муҳоҷират кашидани ҷавонон ва ниҳояти оилабарпокуниву якдгиранофаҳмӣ, сабукфикрӣ ва ҷудошавӣ. Онҳо мегуянд ҳарчанд шаҳри Конибодом як шаҳри музофотиҳам бошад лекин сатҳи туйгузарони баробар ба Хуҷанду Душанбе меистад. Соҳимаъракаҳо ба ин диққати махсус медиҳанд, ки ин рӯзи хушбахтии навхонадорон бо арзиш бошаду хотирмон. Дар мисолҳое, ки имрӯз медонем дар вилояти Суғд қимматтарин туйхонаҳо ин дар шаҳри Конибодом ҳастанд. Яъне ҳамин тавр ҳаст, ки тамоми маблағи умр ҷамъкардаашонро дар туй сарф мекунанд. Бозҳам тибқи мушоҳидаҳо аз ҳама пеш меистем мо мардуми Конибодом дар масъалаи ҷудошавии оилаҳо, ки ин боиси нигаронии мо ҳунармандони театр аст. Ҳатто нисфи оилаҳо, ки дар сол оила барпо мекунанд буъди як то ду соли хонадори ҷудо мешаванд. Барои ҳамин театр наметавонад ин ҳамаро дида бе тараф биистад. Аҳли ҳунари театр мегуянд дар атрофи ҳамин мавзу мо ду намоиш руи саҳна бурдем “Модар ман зан мегирам” ва “Оҳ муҳаббат”.

Баҳсу баррасии ҷавони бист солае, ки ошиқ шудасту мехоҳад ҳарчи зудтар туй кунад. Аммо дар ру ба руи ӯ меистад масъалаҳои таъмини моддии зиндагӣ, таҳсилоти олӣ гирифтан ва соҳиби ҷойи кор шудану бо озоди молияви расидан. Дар баробари ҳамин оила ҳаст оилаи дигар ва онҳо духтаре доранд, ки бояд ба шавҳар диҳанд ва падари духтур маҷбур мешавад барои харҷҳои беҳудаи духтараш аз бонк қарз гирад. Духтарҳам ба шавҳар меравад бо қарзи бонки падар, аммо чун зиндагии воқеии шаҳри мо духтар зуд аз оилааш ҷудо шуда ба хона меояд. Пули қарзи бонк ҳануз мондааст ва ин ҳама бори ғуссаро падар бардошт карда наметавонаду аз бемории қалб мемурад. Яъне воқеаи оилаи дуввум барои оилаи яккум панд мешавад ва ин писарбачаи бист сола ба хулосае меояд, ки аз ҳаматараф бояд ба оиладорӣ омода шуда баъд туй кард. Ин намоишро бо як ҷумла мешавад гуфт, ки проблеммаҳои то оиладорӣ ва созишкардану забонёфтан дар хонаводаву ҳалли масъалаҳои дар пеши навхонадорон бударо барраси мекунад. Намоиши мазкурро коргардон Муҳиддини Музаффар руи саҳна мондааст. Нақшҳоро бошанд ҳунармандони таҷрубадору саршиноси театри Конибодом, Истад Мамадҷонова, Умаралӣ Сатторов,  Юнусалӣ Эргашов, Дилбар  Сулаймонова, Фарҳҳод Ғаффопур, Нозанин Ҷуразод ва Муқаддас Раҳмонова мебозанд.

Як  марду зан он қадар миёни ҳам муносибати хуби ҳамсари надоранд. Ҳарчанд вазъи моддии онҳо дар хона таъмин аст аммо дунболи хушкардаҳои дигарашон мегарданду ба онҳо хат менависанд. Ҳатто онҳо барои кори хонаро кардан хизматгору канизак доранд, ки хилофи бе муҳаббати соҳибхонаҳо ин хизматгорон якдигарро дуст медоранд. Тасодуфи  ҳамин мешавад, ки он зану мард тавасути хатнависи ба хушкардаҳои худ шабона ба назди ошиқу маъшуқаҳошон мераванду ин ду хизматгор дар хона танҳо монда ниҳоят ба ҳамдигар изҳори муҳаббат мекунанд. Хулосаи ин гирудорҳои шабона ҳамин мешавад, ки соҳибхонаҳо аз мулоқоти маъшуқаву ошиқашон ноком бар мегарданд ва аз кирдори якдигар зану шавҳар бо хабар мешаванд. Инҷо дарк мекунанд, ки ишқ дар хонаашон аст ва набояд онро дар дигарҷой ҷустуҷуй кард. Аҳли ҳунармандони ҳамин намоиш ҳамаги ҳунарпешаҳои ҷавони театр мебошанд, ки аз зинадгии худу атрофиён нақш меофаранд. Хушнуди Дадо,  Нозанин Ҷуразод, Фаррух Ваитов ва Муқаддас Раҳмонова мебошанд. Суҳроб Шехов коргардони ҷавон, хатмкардаи мактаби олли театрии кишвари Руссия ҳасту намоишро дар саҳнаи театри зодгоҳаш таҳия намуд.

Се соли охир ҳарду намоишҳо садҳо маротиба пешниҳоди тамошобинони шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои атрофи он гардонида шуд. Тамошобинон аксаран баъди тамошо омада изҳор менамоянд, ки ин ҳаёти рӯзмарраи мо мебошад.  Моро месазад то  он вақте имкон дорем мубориза бо вайрон шавии оилаҳо бубарем . Муборизаро аввалтар аз ҳама дар нисбати худ оилаи худ ва сипас маҳаллу шаҳрамон идома диҳем. Дар вақти дидани хушунати хонаводагӣ ҳатман аз он пешгирӣ кунем, бе тараф набошем, гуфтанд дар суҳбат аҳли ҳунари театри шаҳри Конибодом.

 Ҷасури Вашгирдӣ