Маркази фарҳангии “Бохтар” бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон бо ифтихор элон менамояд:
Озмуни миллии суруди аслии
“Ҷоизаи мусиқии Боб” 2019
Эҷодкорони сурудҳои аслӣ ки сину солашон аз 16 то 28 сола но вобаста ба забон ва услуби мусиқии суруд ва миқдори сароянда: соло; дуэт; ансамбл, гурӯҳ дар озмун иштирок карда метавонанд.
Барои иштирок дар лоиҳа видео бо суруди аслии худ сабт намоед ва онро ҳамроҳ бо матни суруд ва саволномаи бақайдгирӣ то 30 июни 2019 ба сомонаи лоиҳа www.bobsmusicaward.tj ирсол намоед.