Padida.tj / 23.12.2019
Назари хоси коргардони ҷавон Далери Имомалӣ оиди намоишномаи “Шоҳзодаи хурд”-и театри давлатии шаҳри Конибодом ба номи Т. Фозиловаро пешкаши Шумо мегардонем. Инчунин ҳар нафари Шумо хонандагони игромӣ ва дӯстдорони фарҳангу санъати Тоҷикистон метавонед, назарҳои худро перомуни фарҳангу миллат пешниҳод намоед, мо бе мамониат онро нашр хоҳем кард.
Чанд рӯз аст, ки парчами мо дар як гӯшаи Русия бо Ифтихор парфишонӣ мекунад ва расонаҳои маҳаллии Нижневартовск ва ҳатто расонаҳои марказии Русия дар бораи Тоҷикистон мегӯянд.
Ин дафъа дар бораи дастгир шудани кадом як нашъафурӯши тоҷик не!
Ин дафъа дар бораи марги кадом як тоҷик аз дасти скинхедҳо не!
Ин дафъа дар бораи Театр! Ҳунар! Санъати Тоҷик!
Дар бораи Театри Тоҷик! Ба некномӣ ва мафтунӣ!
Агар ин субҳ як русзане (ё марде) ба як тоҷики зердасташ ва ё ҳамсояаш бо нафрат нигоҳ накунад ва Салом гӯяд, мо имшаб ором мехобем…Хулоса аз VI ҷашнвораи байналмиллалии театрии намоишҳои шакли хурд “Северные встречи”, Нижневартовск, Русия. … Ин сархати саҳифаи ҳунарманди театри ш. Конибодом Фарҳод Ғаффорпур буд, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар моҳии гузашта, ки онҳо баъди ин ҷашнвора пайи корҳои нави театрӣ ҳастанд.
“Шоҳзода хурд”-и Антуан де Сент аз намоишномаҳоест, ки ҳарҷо мардуми бо андешае бошад, онҷо ҳатман ин намоиш руйи саҳнаи театр меравад. Хушбахтона дар кишвари мо дар ду соли охир бори сеюм аст, ки коргардонҳо ба ин асари ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Аввал театри тамошибини наврас маъруф бо исми “Аҳорун” ва баъд театри Лухтаки ш. Душанбе ва инак Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом.
Намоиш таҳти коргардонии ҷавоне Ҷамшид Валиев аз Узбекистон, ки аз руи ихтисос ӯ рассом- таҳиягари саҳна мебошад, ба саҳна гузошта шуд. Мушовири ин намоиш муннақид ва омӯзгори саршинос дар Осиёи Марказӣ Қамариддин Ортиқов мебошад.
Ҳамкориҳоии театри мазкур бо коргардони муқими Узбекистон Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ аз давроне шурӯъ шуда буд, ки ҳоло сарҳадҳо баста буданд ва баъди он ки бо ибтикори хирадмандонаи ду роҳбари кишварҳо сарҳадҳо бозанд, акнун онҳо ҳар сол ва ҳатто дар сол то ду се маротиба шароит доранд ин ҳамкориҳои ду тарафаро ба роҳ монанду натиҷаҳои оламшумури театрӣ ба даст биёранд. Мисоли охир, ҳамин намоиши дар нигоҳи аввал кӯчак, аммо бо муҳтавои бузург “ Шоҳзодаи хурд” мебошад. Дар намоиш ду ҳанарманд нақш меофаранд. Дар идомаи як соат тамошобинро лаҳзае фориғ намегузоранд, чун рамз, либос, ранг, чароғ ва нигоҳҳо хело зебо офарида шудаанд. Вақте ин ҳунармандонро мо дар намоишномаи пешниҳоди нав медидем, дар аввал каме шубҳа ва гумон мекардем, баъди андаке гумону шубҳаҳо ба ҳақиқат мерасиданд, ки чунин шакли намоишу иҷрои бозигар низ ҳаст ва мебояд пазируфт. Як мушкили асосие, ки мо театриҳои ҷавон ба он рӯ ба рӯем ин дар шаклҳои гуногуни театрӣ насанҷидани худ мебошад. Шояд ин тарс аз устодони шакли клосикпазир бошад, ки гоҳо баъди иҷро бо таҳлилу танқидҳои сахте рӯ ба рӯ мешавем. Бигзор чунин бошад, аммо дар иҷрои наву пешниҳодҳои наве чун намоиши “Шоҳзодаи хурд”-и бачаҳои Конибодом набояд тарсид. Баъди иҷрои нахустини ин намоиш дар ш. Душанбе санаи 17-уми ноябр, чанде аз ҳунармандони саршиноси кишвар назарҳои худро баён карданд, ки сархати онҳоро инҷо меорем.
“Сатҳи намоишҳои Шумо баробар ба пойтахт аст, на музофот”. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Қурбон Собир.
“Мутаъсифона мисли Шумо ҷавонҳои тозакор дар пойтахт нестанд”. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Саодат Азизова
“Ифтихор мекунам, ки анъанаи устод-шогирдӣ дар театри Шумо то ҳол боқӣ мондааст”. Собиқ вазири фарҳанг ва ректори Донишкадаи Санъат, хатмкунандаи ГИТИС Тамара Абдушукурова
“Гоҳо ба ҷониби шогирдони донишкадаи мо (санъат) санги маломат мезананд аммо инҳоянд намунаҳои олӣ миёни хатмкунандагони шуъбаи актёрии Донишкадаи Санъат”. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Тағоймурод Розиқов.
Аз он ки нахустнамоиш буд ва ҳатто бачаҳо пештар аз тамошобинони шаҳри худашон, намоишро пешкаши дӯстдорони театр дар Душабе намуданд, он аз камбудӣ орӣ набуд. Бо вуҷуди ин ман хушбахтам, ки онҳо ин ҳамаро дарк карданду пайи ислоҳаш ҳастанд. Ба умеди парвозҳои баланди шоҳзодаи хурдакаки мо мисли дигар намоишҳои театри Конибодом.
“Шоҳзодаи хурд”-як намоиши хуби таҷрибави ҳаст, ки ҳамеша иҷро ба иҷро ва лаҳза ба лаҳза тағийр меёбаду беҳтар мешавад. Аз таҷрибаи кӯчаки намоишҳои таҷрибавиамон мегуям, ки ҳарчи намоиш иҷрои бештар равад ва таклифу назарҳоро зиёдтар шунаванд ин намоиш пухта мегардад.
Ҳунармандони намоиш Фарҳод Ғаффорпур ва Ғайратҷон Қаҳорӣ баъди Душанбе роҳ пеш гирифтанд барои иҷрои ҳамин намоиш ба Бишкек. Тамошобинони ин шарҳ санаи 28-уми ноябр ҳунарнамоии ҷавонони моро диданд. Иҷрои намоиши театри Тоҷикистон бо коргардони ва мушовирии ҳунармандони Узбекистон дар Қирғизистон ва онҳам асаре аз нависандаи Фаронсавӣ ин нишони пойдории сулҳ, робитаҳои дустӣ ва боло будани арзишҳои инсонӣ дар ҳама ҳолат, ба ҳисоб меравад.
Ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодом, имсол барои гузариши дарсҳои роҳбарӣ ва ҳунармандӣ давоми ду ҳафта дарсҳои театри “Илҳом”-ро бо устодии шахсиятҳои шинохтаи театри Осиёи Марказӣ ва Русия гузаштанд. Барои амали кардани ин ҳама нақшаҳо, ҳамкории онҳо бо Дафтари ҳамкориҳои Швейтсарӣ дар Тоҷикисон ҷойи зикр аст. Давоми чор-панҷ соли охир ин дафтар ба самти театр дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса медиҳад ва алакай ин ҳамкориҳо натиҷа дода истодааст.
Фарҳод Ғаффорпур баъди таҷрибаи беш аз даҳ сола дар театру синамо чун ҳунарманд акнун мехоҳад даст ба коргардонии театр бизанад. Имсол аҳли театр дар арафаи соли нав намоиши наверо бо исми “Карлсон”-ро таҳия намуда истодаанд.
Дар ҷамъ будани чунин як театре фаъол дар ҳама самтҳо, ҳам ҷашнвораҳои дохилу хориҷ, ҳам солона таҳияи ду-се намоишҳои нав, иштирок дар мизҳои гирду дарсҳои устод шогирдӣ ва пешниҳоди видео – акс маводҳои креативӣ боиси ифтихори ҳаммаи театриҳои кишвар ва намунаи ибрат аст.
Далер Имомалӣ, махсус барои Padida.tj