Дар ҳошияи нахустнамоиши “Трактиршитса”-и театри Бустон
Дар саҳнаи театри давлатии русии драма ва мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Бустон нахустнамоиши “Трактиршитса” мансуб ба қалами Карло Голдони дар таҳияи дастпарвари донишкадаи фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург Далери Шукурҷонзода баргузор гардид.
Барои иҷрои нақшҳо ҳамчунин аз театрҳои шаҳри Конибодом ва Хуҷанд ҳунарпешагон таклиф шуда буданд. Аз ҷумла Фарҳод Ғаффорпур дар нақши кавалер, Фаррух Ваитов граф, Фаёз Бойматов о дар нақши Фабритсио. Азбаски театр мақоми русӣ дорад, спектакл ҳам ба забони русӣ таҳия гардида буд.
Асари драматурги классикӣ ба мавзуи доимӣ муносибати зану мард дахл дошта, бештар макру ҳиллаи занро ифода мекунад. Мирандолина (актриса Азизахон Худойбердиева) ба ҳар роҳу восита дили кавалерро ёфта ба худ мутеъ мегардонад. Ҳамон кавалери ба ҷинси зан нафратдоштаро ки доим мегуфт “Зана зан, намурад табар кати зан” ончунон ба худ моилу ошиқ сохт, ки оқибат фирор намуд кавалер. Ба лутфи зан гиреҳи мард во шуд.
Накисо Ёрзода донишҷуи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баъди анҷоми спектакл ба ҳунари актерони ҷавон аҳсант хонда чунин иброз дошт, ки дар шаҳри Бустон мавҷудияти чунин як театри ҳирфаӣ барои ғанӣ гардонидани дунёи маънавии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.
Ҷонибеки Ҷаббор донишҷуи дигари донишкадаи мазкур ҳам аз тамошои ин спектакл баҳраёб шуда изҳори ақида намуд, ки ду сол пеш даҳ сомонӣ дода ба тамошои “Хандинкамон” омада буд. Вале чунин як асари ҷолиби саҳнавиро бори аввал мебинад. Ба ҷои консертҳои эстрадии бемазмун чунин спектаклҳо доир гарданд, басо хуб мешуд.
Умар Ҷалилов устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тарзи таҳияи спектаклро ба риштаи таҳлил кашида иброз дошт, ки дар либоси ҳамон замон камарбанд мавҷуд буд, ки дар саҳна дида нашуд. Ва ё дар нутқи ҳунармандон ба санъати орфоэпия бояд эътибори ҷиддӣ дод, қаду қомати худро намоиш додан ҳам ҳунар аст.
Малика Иброҳимова, ҳунарпешаи ҷавон дар нақши Ортензия нахустин маротиба дар сафи ҳунармандони ҳирфаӣ баромад намуд. Ба ақидаи Малика, бозӣ бо ҳунармандони ҷавон барояш як илҳоми тозаро ато намуд.
Ғайрат Қодиров директори театри Конибодом аз он изҳори шодӣ намуд, ки труппаи ду театрро дар натиҷаи ҳамкории эҷодӣ маҳсули ширини санъат ба даст овард. Анъанаи ҳамкории эҷодӣ барқарор шуд.
Далер Шукурҷонзода дастпарвари театр-студияи Юнусалӣ Эргашев дар назди театри Конибодом буда, давоми таҳсил якчанд намоишномаҳоро барои кудакону наврасон ба саҳна гузошта маҳорати хешро сайқал додааст.
Умуман, нахустнамоиши спектакли “Трактиршитса” дар олами театр як падидаи нав ва барои донишҷуён як рӯзи шодӣ буд.
Зайнидин Орифӣ , рӯзноманигор
Санаи 22 Декабр соати 9:00 дар толори Театри Конибодом нахустнамоиши “Роҳзан” баргузор мегардад. Кӯдакони аз 5 сола боло ва кулли ҳаводорони Театрро аз 22 декабр то 20 январи 2019 ба тамошои Роҳзан даъват менамоем.
Кӯдакон ва наврасони шаҳри Конибодом имсол соли навро бо ҳамроҳии “Роҳзан” пешвоз мегиранд. Намоиши ҷолибу диднии “Роҳзан”-ро ҷавонони ҳунарманди театр Муҳиддини Музаффар ва Хушнуди Дадо таҳия намуданд, ки дар он нақши Роҳзанро Фаррух Ваитов иҷро мекунад. Ҳамчунин Мунаввара Раҳмонова, Муқаддас Раҳмонова ва Хушбахт Набиев бо иҷрои нақшҳои ҷолиб намоишро рангин хоҳанд кард.
Намоиши “Роҳзан” дар баробари ҷаззобият барои тамошобинон паёмҳои хуби ахлоқиро доро буда дар зеҳни онҳо тухми некиву накӯкориро хоҳад кошт.
Дар арафаи соли нави милодии 2019 ситораҳои ҷавони Театр барномаи мусиқӣ-фароғатии “Таронабазми ситораҳри Театр”-ро пешкаш хоҳанд кард.
Дар шоу-консерти “Таронабазми ситораҳри Театр” ситораҳои шинохтаи Поп мусиқӣ: Гурӯҳи “Сорбон”, Азизҷон Ғаниев, Фарҳод Сидиқов ва репсароёни ҷавони театрамон Наимҷон ва Нодирҷон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Театри Давлатии Драмаи Мусиқии ба номи Т. Фозилова
кӯчаи Маннонов 190, шаҳри Конибодом,
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 (918) 53 0656; 8 3467 32298
Почтаи эл: info@teatrikonibodom.tj teatrikonibodom@gmail.com
ХАБАРҲОИ ҶАДИД
Мастер-класс. SMM дар театр бо Шаҳноз Комилзода02.09.2021 - 12:36
Даргузашти Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова09.08.2021 - 11:11
Раиси вилояти Суғд ба аҳли эҷоди театр туҳфаи хотиравӣ супорид16.06.2021 - 08:19
“Роҳҳои рушди театр барои кӯдакон дар Тоҷикистон” баррасӣ шуд10.06.2021 - 11:37