хабарҳои дигар театрҳо

Аз 15 то 22 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2019» баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивал-озмун ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов бахшида шуда, бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармадон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ, анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

Дар Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ иштирок карда метавонанд. Ба Фестивал-озмун беҳтарин намоишномаҳое пешниҳод мешаванд, ки тӯли солҳои 2017-2018 рӯи саҳна омадаанд.

Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд имсол намоиши солинавии “Зангӯлаи сеҳрнок”-ро дар таҳияи коргардони ҷавон Темур Султонов ба саҳна гузошт.

“Зангӯлаи сеҳрнок” аз санаи 24 декабри соли 2018 то 11 январи соли 2019 соатхои 10, 12 ва 14 дар толори Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор хоҳад гашт.