Хабарҳои Театри Конибодом дар дигар шабакаҳо

14.09.2018 / tajikistantimes.com

 Охирон маротиба соли 2013 ба тамошои намоиши театрӣ рафта будам. Сабаби наздики 5 сол  дигар қадам ба даргоҳи театр намонданам писанд наомадани ҳамон намоишнома буд (албатта, ки ном намебарем).

Аммо санаи 6-уми сентябр фирам оид ба театр дигар шуду дилам гарм. Зеро дар ин сана  дар Театри ҷавонони шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши спектакли “Қобил” ба саҳна гузошта шуд. Ростӣ пас аз тамошои ин намоиш ба қобилияти “Қобил” қоил мондам. Танҳо баъди тамошои нахустнамоиши спектакли “Қобил” дарк кардам, ки  назар ба гузаштаҳо, барномаҳои театрӣ имрӯз аҳамияти бештар пайдо кардаанд.

Намоиши “Қобил”, ки  аз мушкили доғи ҷомеа, яъне  -ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ қисса мекард аҳамияти муҳими тарабиявӣ дошт. Ғолибияти қувваи некӣ бар бадиро пас аз тамошои намоиши “Қобил” бори дигар дарк кардам.

“Қобил” достони ду фарзанди як модар — Қобилу Ҳобил аст. Достон ихтилофҳои иҷтимоии бародарони хуниро ба риштаи таҳлил кашидааст, ки яке рисолати неку хуб дорад ва дигар дар ниҳоят террорист, аммо аз бадрафториҳои худ пушаймон мешавад.

Намоиши “Қобил дар асоси лоиҳаи «ТЕАТР зидди хушунат ва ҷанг” ба саҳна гузошта шудааст. Лоиҳа дар асоси асари яке аз шоирони машҳури балвогари назми романтикии Англия –Ҷорҷ Байрон ва ривояти библия ва ҳадиси исломӣ оид ба Қобилу Ҳобил таҳия гардида, мутобиқати асар аз ҷониби Нафас Шодмон ва Авлиёқулӣ Хуҷақулӣ сурат гирифтааст.

Фарзона Муродӣ

 

31,08,2018 / hakikati-sugd.tj

Дар назар аст нахустнамоиши “Қобил” санаи 4- уми сентябр дар бинои Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ва санаи 5- уми сентябр дар бинои Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.

Бино ба иттилои маъмурияти Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова намоишномаи «Қобил  тибқи лоиҳаи “Театр зидди хушунат ва ҷанг» ба саҳна гузошта шуда, аз рӯи  асари яке аз шоирони машҳури назми романтикии Англия – Ҷорҷ Байрон,  ривояти библия ва ҳадиси исломӣ оид ба Қобилу ҳобил таҳия гардидааст. Мутобиқати асар аз ҷониби Нафас Шодмон ва Авлиёқули Хуҷақулӣ сурат гирифтааст. Тарҷумони забони тоҷикӣ шоир ва драматург Сайидамин Ҷило мебошад. Коргардони намоишнома Авлиёқулӣ Хуҷақулӣ. Нақшҳоро  Муҳиддини Музаффар (Қобил), Фаррух Воитов (Ҳобил),  Дилноза Каримова (Ҳаво ва Иқлима), Фарҳоди Ғаффорпур (Одам ва Пакана)  меофаранд.

Лоиҳаи “Қобил” бо дастгирии дафтари шветсарӣ дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом амалӣ гардида, ин сеюмин ҳамкории ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова ва коргардон Авлиёқули Хоҷақулӣ ва дафтари шветсарӣ дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан соли 2015 намоишномаи “Ваҳваҳабонувон” аз рӯи асари Еврипид ва соли 2016 намоишномаи “Суди девонагон” аз рӯи асари Шекспир ба намоиш гузошта шуда буд. Намоишномаи “Суди девонагон” дар фестивалҳои бонуфузи шаҳрҳои Шанхай, Лондон ва ҳиндустон иштирок карда баҳои баланди мутахассисону тамошобинонро сазовор гаштааст.

Сурайё ҲАКИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»

 

 

31.08.2018 / safina.tj

Дар даҳаи аввали моҳи сентябри соли 2018 аҳли ҳунари Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ният доранд, ки ҳаводорони худро зери шиори «Театр бар зидди терроризм» ҷамъ оварда, намоиши нави «Қобил»-ро манзури дӯстдорони санъати театрӣ намоянд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мақсади чорабинӣ пешгирии ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва ҷангу низоъ дар ҷомеаи имрӯза ва ҷалби мардум ба фарҳанг ва санъат мебошад.

11.03.2016 / tiroz.org

Бори дуюм аст, ки коргардони маъруфи туркман Хоҷақулӣ Авлиёқулӣ бо ҳунармандони Театри давлатии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳр намоишнома рӯи саҳна меорад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз шӯъбаи фарҳанги мақомоти шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, намоишномаи нав «Суди девонагон» ном дошта, он аз рӯи ду шоҳасари драмнависи машҳур Шекспир — «Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» таҳия шуда, пешкаши ҳаводорони санъати театрӣ гардидааст.
Ба гуфти манбаъ, асари мазкур асосан барои кашфи асрори касб ва сайқали истеъдоди эшон интихоб гардида, дар намоишнома асосан ришвахӯрӣ, мардумфиребӣ, пастфитратӣ ва бетарафӣ нисбат ба мушкилоти ҷомеа ифода ёфта, он ба тамошобин як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебахшад.
Намоишнома бо дастгирии мақомоти маҳаллии шаҳр ва осоишгоҳи «Ирам», ҳамчунин дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон рӯи кор омадааст.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

№65-66 (3545-3546)) 22.05.2016 / sadoimardum.tj

Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣбо коргардони туркман Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ намоишномаи «Ваҳваҳабонувон»-ро ба саҳна гузошта, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ сазовори ҷойи сеюм ва соҳиби ҷоизаи хосаи озмун гардид.

Ҳунарпешагони театр, ҳамчунин намоишномаи «Суди девонагон»-ро дар коркард ва таҳияи Авлиёқулӣ Хоҷақулӣ аз рӯи асарҳои фоҷиавии нависандаи бузурги англис Уилям Шекспир -«Шоҳ Лир» ва «Ҳамлет» ба саҳна гузоштанд.

Ин лоиҳа аз ҷониби Дафтари Швейтсария дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дастгирӣ ёфта, тӯли як сол таҳия гардид ва нахустнамоиши он дар шаҳри Конибодом,  сипас дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт ва Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Тамошобинон намоишномаро бисёр хуб истиқбол карданд. Он аз ҷониби мутахассисони соҳа низ баҳои баланд гирифт. Мақсади ҳунарпешагони театр нишон додани фоҷиаи рӯзгори  муҳоҷирон мебошад, ки ба хотири дарёфти қутти лоямут ва таъмини рӯзгори хеш тарки зодгоҳ мекунанду баъдан ғановати рӯҳии хешро аз даст медиҳанд.

Намоишномаи мазкур ба фестивали кушоди осиёимиёнагии фарҳанг ва санъат дар пойтахти Англия – ватани Шекспир — шаҳри  Лондон, ки моҳи августи соли равон баргузор мешавад, даъват шудааст, ки ин боиси ифтихор аст.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»

06.12.2018 / www.konibodom.tj

 

Театр барои пешкаши намоишномаҳои фарҳангӣ ва барномаҳои консертии солинавӣ омодагӣ мегирад.

Ҳайати эҷодии театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳрамон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом барои истиқболи Соли нави милодӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, тибқи нақшаи тасдиқгардида намоишномаҳои ҷолибу барномаҳои рангини солинавӣ таҳия мекунанд.

Чи тавре роҳбари театр Ғайрат Қодиров зимни суҳбат иброз дошт, онҳо ният доранд то тамошобинони наврасу ҷавонро имсол боз ҳам намоишномаҳои шавқовару диққатҷалбкунанда омода ва пешкаш карда, онҳоро руҳан болида намоянд. Аз ҷумла, ҳунармандони театр дар радифи дигар чораандешиҳо дар ин самт намоишномаи ҳайратангези «Роҳзан»-ро, ки пур аз лаҳзаҳои ҳассос вар ангину тарбиявӣ мебошад, манзури мухлисони театр гардониданианд.

Нақшҳои асосӣ ва ёрирасонро дар намоиш Фаррух Ваитов, Мунаввара Раҳмонова, Муқаддас Раҳмонова ва Хушбахт Набиев бозида, тамошобинро ғизои маънавӣ мебахшанд. Дар меҳвари асари мазкур муборизаи некиву бадӣ, торикӣ бар рӯшноӣ ҷараён мегирад.