хабарҳои театри Конибодом

Театри ростин дар Кӯлоб

Бо таърихи беш аз 2700 сола, бо дили пур аз муҳаббат ва ростқавливу ростгӯӣ, гоҳо ин рафторашон боиси ранҷиши азизон мешавад аммо рост мегӯянд ба руят. 2700сол пеш мо дар як гушаи диёр бо номи Кӯлоб тамаддун доштем, фарҳанг меофаридем. Шаҳр ва зиндагии шоиста доштем. Дар ҷое, ки шарҳ ҳаст яқинан онҷо ҳунар, санъат ва фарҳанг буд. Театр дар ҳама давру замон бо ҳар шаклу пешниҳод хоси мардуми шаҳрнишин буду ҳаст.

Дар шаҳри Кулоб, ки даврони Шӯравӣ маркази вилояти Кулоб буд аз солҳои 30-юми қарни пор Театри касбӣ фаъол аст. Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода.

Дар баробари ҳунармандону коргардонҳои саршиноси кишвар чун Ҳабибулло Абдуразоқов, Мирзоватан Миров рӯи ин саҳна ашхоси фарҳангофаре чун Одина Ҳошим, Давлатман Холов, Сурайё Қосимова ва духтари эстрадасарои ин оила Шабнам Сурайё низ бори аввал рӯи саҳнаи ҳирфавӣ инҷо баромад кардааст.

Аҳли эъҷодии театр то имрӯз иштирокчии ҷашнвораҳои театрии хориҷу дохил мебошанд. Иштирок барои онҳо басандагӣ намекунаду ҳатман ҷоиза низ меоранд.

Имсол мавсими 81-уми театрро баъди 20-уми сентябр бо намоишномаҳои “Баҳори ваҳдат” бо муаллифии Ҷумъа Қудус ва “Дар кӯчаҳои қисмат”-и Ато Ҳамдам шурӯъ мекунем. Гуфт дар суҳбат бо мо саркоргардони театр Раҳмоналӣ Одиназода. Ёдовар мешавем, ки ҳарду намоиш бо коргардонии Одиназода руи саҳна омадааст.

Модари театрҳои тоҷик

Театри давлатии академии драма ба номи А.Лоҳутӣ нахустин театри касбӣ дар Тоҷикистон аст, ки онро рамзан “Модари театри тоҷик” ҳам мегӯянд.

Театр кори худро соли 1929 шурӯъ кардааст ва имсол 90-умин мавсими театрии худро ҷашн мегирад.

Мавсими нави ҷашниро театр бо намоиши “Фирдавсӣ” санаи 27 августи 2019 соати 18-00 бо тантана шурӯъ хоҳад кард. Намоиши “Фирдавсӣ” аз рӯи асари ҳамноми Сотим Улуғзода дар коргардонии саркоргардони театр султон Усмонов офарида шудааст. Бояд қайд кард, ки намоиши “Фирдавсӣ” дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ: Парасту-2019 соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.

Пас аз оғози мавсим аҳли эҷоди театр нақша доранд намоиши “Диоген”-ро рӯи саҳна оранд. “Диоген”-ро низ саркоргардони театр Султон Усмонов таҳия хоҳад кард. Коргардон Султон Усмонов то ин вақт дар театрҳои Опера ва Балети ба номи С.Айнӣ, театри Ҷавонон ва Театри тамошобини навраси шаҳри Алматои Қазоқистон вазифаи саркоргардониро ба ӯҳда дошт.

Театр миёни кӯҳҳои баланд

Бадахшон, боми ҷаҳон ва макони дорои кӯҳҳои баланду калонтарин пиряхи олам. Инсонҳои бо виқору ҳақталош ва ростин инҷоро макони зист ихтиёр кардаанд.  Ҳазорсолаҳо боз онҷо фарҳанг, тамаддун меофаранд ба рои инсоният. Чандин забонро пос медоранд ва талош доранд бе газанд бимонад он забонҳо.

Дар қалби Бадахшон миёни куҳҳои баланд ш. Хоруғ аз соли 1936 инҷониб Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи М. Назаров ҷой гирифтааст. Толори зебо ва дорои шароити хуби корӣ бо ҷамъи ҳунармандон ҳамеша талош мекунанд мардуми ин гушаи диёр аз будани театри касбӣ огоҳ бошанд. Саркоргардонии ин театрро ҳунарманди ҷавону шинохта дар синамову театр Умед Хисравов ба ӯҳда дорад. Онҳо нигоҳ накарда ба онки дур аз маркази кишвар қарор доранд имсолу солҳои гузашта иштирокчии ҷашнвораҳои театрӣ дар дохилу хориҷ ҳастанд. Ҷоизаҳои беҳтарин коргардон, нақши занона, ороиши мусиқӣ ва ҳатто ШОҲҶОИЗА-ро соҳиб шудаанд.

Имсол онҳо тасмим доранд мавсими 82-юмини театро бо барномаи консертӣ баъд аз ҷашни Истиқлолият шурӯъ кунанд. Дар ин мавсим ният дорем  бахшида 120 солагии қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур намоишномае руи саҳна биёрем, гуфт дар суҳбат ба мо саркоргардони Театр Умед Хисравов

Бинои ҳозираи театр соли 2012 аз таъмири куллӣ баромад. Ҳукумати ҷумҳури барои сохтани шароити беҳтар ба ҳунармандон соли оянда бинои нави театро дар маркази Вилоят ш. Хоруғ ба истифода медиҳад.

 

 

 

Имсол бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 90 солагии кинои Тоҷик ва се соли рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори 2-юм, Ҷашнвораи телевизионии филмҳои мустанад “Симо” дар ш. Душанбе баргузор шуд.

Ин ҷашнвора бо ибтикори МД Телевизиони Синамо роҳандози шуда маросими ҷоизасупори он санаи 16-уми ин моҳ дар Кохи Суруш ҷараён дошт. Барои ширкат дар ҷашнвора наздик ба 50 филм ворид шуда аз он танҳо 14 тояш соҳиби ҷоизаҳои кинофестивал гардиданд.

Ҷоизаҳои таваҷҷуҳи тамошобин, ҳакамон, бозёфт, беҳтарин наворбардор, тадвин ва эффектҳои компютери муаллиф аз қабили инҳо буд. Шоҳҷоиза низ, ки зеби ҳаммаи ҷашнвораҳост ва онро филми “Марди роҳ”-и коргардон Носир Саидов соҳиб шуд.

Филми мустанад-эссеи коргардон Далер Имомалӣ аз рӯзгори ҳунарманди театри ш. Конибодом Умарали Сатторов қисса мекунад ва сазовори ҷоизаи “Бозёфт” гардид.

Далер Имомалӣ вақти суханрони дар маросими гирифтани ҷоиза дар назди ҳозирин изҳори миннатдори ба роҳбари МД “Суғдсинамо”, театри ш. Конибодом ва МД Телевизиони Синамо гуфт, ки шароит месозанд барои сохтани филмҳои мустнад. Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки  масъулини соҳа ба ҷавонони тоза рӯи кор омада бовари кунанд ва шароит фароҳам биёранд мо Оскар ва Канн-ро ба Тоҷикистон меорем.

“Умар-ако” нимаи баҳори имсол бо ҳузури қаҳрамонаш дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои мусалмонии ш. Қазон иштирокчии ҷашнвора буд. Аввалҳои моҳи май бошад дар толори театр филм бо ҳузури раиси ш. Конибодом ва аҳли мақомотчигии шаҳр экран шуд.  Тамошобинони шаҳри Конибодом филмро хуб пазирои карданд ва туҳфаҳои хотиравию маишӣ ба қаҳрамони филм Умаралӣ Сатторов аз тарафи раиси ш. Конибодом супорида шуд.

Коргардони филм тасмим дорад давоми як соли дигар филмро ба ҷашнвораҳои дохилу хориҷ фиристад ва ба ин восита ҳунарманди теари мо ва шаҳри Конибодомро ба ҷаҳониён зарраеҳам бошад муаррфи намояд.

Ба умеди рушди театр ва синамои миллӣ.

Шаби эҷодии Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Дилбар Сулаймонова

Қирғизфилм аз рӯи сенарияи филмсози тоҷик филм месозад.

Озмуни миллии суруди аслии“Ҷоизаи мусиқии Боб” 2019

Ба муносибати 90 солагии аълочии фарҳанги Иттиҳодӣ Шӯравӣ Солеҳҷон Холиқов.