хабарҳои театри Конибодом

Дар ҳошияи нахустнамоиши “Трактиршитса”-и театри Бустон

 

Дар саҳнаи театри давлатии русии драма ва мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Бустон нахустнамоиши “Трактиршитса” мансуб ба қалами Карло Голдони дар таҳияи дастпарвари донишкадаи фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург Далери Шукурҷонзода баргузор гардид.

Барои иҷрои нақшҳо ҳамчунин аз театрҳои шаҳри Конибодом ва Хуҷанд ҳунарпешагон таклиф шуда буданд. Аз ҷумла Фарҳод Ғаффорпур дар нақши кавалер, Фаррух Ваитов граф, Фаёз Бойматов о дар нақши Фабритсио. Азбаски театр мақоми русӣ дорад, спектакл ҳам ба забони русӣ таҳия гардида буд.

Асари драматурги классикӣ ба мавзуи доимӣ муносибати зану мард дахл дошта, бештар макру ҳиллаи занро ифода мекунад. Мирандолина (актриса Азизахон Худойбердиева) ба ҳар роҳу восита дили кавалерро ёфта ба худ мутеъ мегардонад. Ҳамон кавалери ба ҷинси зан нафратдоштаро ки доим мегуфт “Зана зан, намурад табар кати зан” ончунон ба худ моилу ошиқ сохт, ки оқибат фирор намуд кавалер. Ба лутфи зан гиреҳи мард во шуд.

Накисо Ёрзода донишҷуи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон баъди анҷоми спектакл ба ҳунари актерони ҷавон аҳсант хонда чунин иброз дошт, ки дар шаҳри Бустон мавҷудияти чунин як театри ҳирфаӣ барои ғанӣ гардонидани дунёи маънавии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Ҷонибеки Ҷаббор донишҷуи дигари донишкадаи мазкур ҳам аз тамошои ин спектакл баҳраёб шуда изҳори ақида намуд, ки ду сол пеш даҳ сомонӣ дода ба тамошои “Хандинкамон” омада буд. Вале чунин як асари ҷолиби саҳнавиро бори аввал мебинад. Ба ҷои консертҳои эстрадии бемазмун чунин спектаклҳо доир гарданд, басо хуб мешуд.

Умар Ҷалилов устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тарзи таҳияи спектаклро ба риштаи таҳлил кашида иброз дошт, ки дар либоси ҳамон замон камарбанд мавҷуд буд, ки дар саҳна дида нашуд. Ва ё дар нутқи ҳунармандон ба санъати орфоэпия бояд эътибори   ҷиддӣ дод, қаду қомати худро намоиш додан ҳам ҳунар аст.

Малика Иброҳимова, ҳунарпешаи ҷавон дар нақши Ортензия нахустин маротиба дар сафи ҳунармандони ҳирфаӣ баромад намуд. Ба ақидаи Малика, бозӣ бо ҳунармандони ҷавон барояш як илҳоми тозаро ато намуд.

Ғайрат Қодиров директори театри Конибодом аз он изҳори шодӣ намуд, ки труппаи ду театрро дар натиҷаи ҳамкории эҷодӣ маҳсули ширини санъат ба даст овард. Анъанаи ҳамкории эҷодӣ барқарор шуд.

Далер Шукурҷонзода дастпарвари  театр-студияи Юнусалӣ Эргашев дар назди театри Конибодом буда, давоми таҳсил якчанд намоишномаҳоро барои кудакону наврасон ба саҳна гузошта маҳорати хешро сайқал додааст.

Умуман, нахустнамоиши спектакли “Трактиршитса” дар олами театр як падидаи нав ва барои донишҷуён як рӯзи шодӣ буд.

 

Зайнидин Орифӣ , рӯзноманигор

 

 

 

Дорогие Друзья, имеем честь пригласить всех Вас на премьеру классической комедии Трактирщица. 12 Марта / 14-00 / Русский Театр имени Пушкина г. Бустон

sugdnews.com / 

В честь весенних праздников и особенно в честь Международного женского дня — 8 марта, молодые актёры Канибадамского театра и русского театрального города Бустон подготовили для своих зрителей незабываемый подарок.

На сцене русского театра впервые будет поставлена ​​пьеса «Отец классической итальянской комедии» Карло Гольдони «Трактирщица». Изящные костюмы, музыкальное оформление, великолепная игра актеров — это и многое другое можно увидеть в спектакле, поставленном выпускником Института культуры города Санкт-Петербург Далером Шукурджонзода.

Как написал в беседе с корреспондентом «С.Н.» режиссер-постановщик спектакля Далер Шукурджонзода, этот спектакль был впервые представлен на сцене русского драматического театра имени Пушкина города Бустон.

«Это произведение великого драматурга, Гольдони считается театральным шлягером, который успешно выдержал испытание во многих мировых сценах».

В комедии «Трактирщица» режиссер-постановщик Далер Шукурджонзода акцентирует внимание на радостном состоянии души. Спектакль напоминает мюзикл, в котором песни и танцы гармонично дополняют великолепную драматургию. При этом характерные черты главных героев расширяются и уточняются.

По сюжету, за сердце трактирщицы Мирандолины борются четверо мужчин. В выбранных композициях есть шарм и тонкость, комизм и напыщенность, отражающие глубинную суть спектакля и сюжетные хитросплетения.

Весь секрет успеха пьесы кроется в великолепном исполнении главной роли. Азиза Худайбердыева, играющая роль Мирандолины, виртуозно владеет своим голосом. Здесь важны жесты или слова, сколько оттенков речи, умение использовать полутона. Это может быть различимый смысл.

Старинная итальянская комедия Гольдони возвращает зрителям женщину-героиню, которая опасна, обворожительна, дурашлива, предприимчива и очень даже «себе на уме». Она состоит из всех частей мозга, в которых нет ничего необычного, из чего угодно: «из прабабушкиного сундучка»…

… Трактирщица Мирандолина не знает себе равных в тонком искусстве разжигания нежных страстей. Она должна быть уверенной в себе, но не в ее вкусе. Мирандолину в задании по интересам: соблазнить за себя, жену, холостяку, рыцаря, исполнившего приказ, и приобщить его, и, конечно же, совсем чуть-чуть). Чтобы все в финале торжественно объявили: да, мол, все мы, женщины, такие — «поматросим» и бросим.

В пьесе легко обыгрывается вечно актуальная женская тема. «Священные права» (слабое право), право на создание собственного бизнеса, нахождение в нем, решение вопросов, поиск своих любимых людей. Если во времена Гольдони «женский вопрос» давал пищу для съемок, то сегодня мы в «Трактирщицу» уже чуть-чуть и одними глазами », — пишет молодой режиссёр.

Отметим, что актеры играют свою роль строго на русском языке. Премьера состоится в театрах имени Пушкина города Бустон, а затем в городах Худжанд и Канибадам.

Зайниддин Орифи

20.02.2019/ aioubzod.wordpress.com

  • Ҷон ё руҳи инсон чеҳра ва симои нотакрори худро дорад. Нишон додани он осон нест. Комёбии беҳтарин асарҳо маҳз дар он аст, ки аз равони одамон чеҳранигорӣ мекунанд. Кори сахт аст. Боистӣ ин андомро аз зарраҳои хурди гоҳе нонамоёне гирд оварду сохт, ки худи руҳ ё ҷон аз онҳо иборат аст. Инро метавон нигоргарии квантӣ номид. Ба ҳар тартиб, ман аз тамошои филми “Умарако” ҳамин гуна натиҷа бардоштам.

Вожа ба вожа, лаҳза ба лаҳза, бо дидани ин филм кас ба зиндагии як инсон фурӯ меравад. Нахуст зоҳирӣ ва пас аз муддате ботинӣ. Ба ҳадде ки дар он зиндагӣ барояш гушаи нофаҳмо ё торике намемонад. Дар поён бинанда нохудогоҳ гумон мекунад, солҳост, Умар-акоро мешиносад, дар ҳамсоягии ӯ ба сар мебарад, борҳо бо ӯ нишастааст, гӯё як хешованди наздикаш аст.

На, филмсозон чизе намегӯянд, ин ҷо матне садо намедиҳад, онҳо касеро таблиғу ташвиқ ва ақидаи хешро ба бинанда бор намекунанд. Дар тамоми дарозои филм танҳо худи Умар-ако сухан мегӯяд, замзама мекунад, суруд мехонад ва саҳнаҳои рангоранги зиндагии ӯ яке паси дигар ин ботини ин шахси наҷибро мекушоянд. Шояд бигуед, ки мешавад, ба ҳамин шева зиндагии ҳар шахсеро рӯйи навор кашид ва ӯро ба мардум ошно кард, вале Умар-ако зинҳор “ҳар шахс” нест. Ӯ намунаи вижаест барои посух додан ба пурсишҳои сангине мисли ин ки чӣ чизҳои рост ва боарзиш зиндагии инсонро маънӣ мебахшанд ва ҳаёти ростини як инсон чӣ гуна аст?

Аммо пас аз чанд лаҳзаи гуногуни ҳаёти Умар-ако, ки низ чӣ аз лиҳози бинишварӣ ва чӣ аз ҷиҳати маънӣ аҷибанд, ҳанӯз ҳамон дар оғози филм як намои шоҳкор ва шоирона ба чашм мехӯрад: ду нафар рӯйи ях қадам мезананд, оби яхкарда ва сокити зери ях шабеҳи ҳавост ва гӯё раҳнавардон дар ҳаво гом мебардоранд. Барои ман ин ишора ба нобудшавандагии инсон ва кутоҳии зиндагист. Навъи дигаре аз қабили “ашк”-и Бедилии “сари мижгон”. Умр кутоҳу нопойдор аст, ба қадраш бирасед. Ба қадри инсонҳо низ бирасед. Инсонҳое монанди Умар-ако.

Муаллиф ва наворбардори филми “Умарако”, Далери Имомалӣ, шояд аз рӯйи ихлос, бо роҳе асарашро ба ман расонд, то онро бубинам ва изҳори назар кунам. Одат дорам, ки ҳар кореро ба баъд нагузорам, чун мумкин аст, фаромуш шавад ё дигар барояш фурсат намонад, аммо ин бор, фикр мекунам, шитобзада шудаам. Чӣ дар тамошо ва чӣ дар вокуниш. Чунин филмро намешавад, бо як дидан қазоват кард ва он меарзад, ки борҳо дида шавад. Он субҳ, то рафтан ба коргоҳ, филмро тамошо кардам ва шоми ҳамон рӯз барои дӯсти ҷавонам нома фиристодам:

“Далерҷони азиз, салом.

Сипосгузорам, ки бароям имкон додед, аз аввалинҳое бошам, ки филми нави Шуморо тамошо кунам. Ба фикрам, нахустин “писанд”-ро зери он ман гузоштам. Ним соати бомдодии ман барои дидани филм сарф шуд ва хуб ҳам буд, ки субҳ буду бо зеҳни тоза онро тамошо кардам. Аз манзил то коргоҳ онро дубора дар хотирам гардондам ва фикрҳоямро ҷамъбандӣ кардам. Ҳоло андешаҳои хешро бароятон менависам, аммо шарт ин аст, ки аз ҳеч сухани ман наранҷед. Дар масъалаҳои эҷодӣ ман хотирбинӣ надорам, ба камияш бо онҳое, ки дусташон медорам ва рушду камолашонро мехоҳам. Бархе аз дустон аввал аз ман мераҷанд, баъд, дер ҳам бошад, мепазиранд. Ҳар чизе ки мегӯям, ба манфиати кор мегӯям. Нисбати корҳои худам низ ҳамин шеваро меписандам.

Хуб. Сар кардем. Ҳар чизеро ки мебинам, мехонам ё мешунавам, пеш аз ҳама ба он меандешам, ки паёми ин асар чист. What it the message?

Паём, ё беҳтар аст, гуфта шавад, рушанӣ ва аҳамияти он, аз  муайянкунандагони арзиши ҳар асаранд. Аз филми нави Шумо “Умарако” ин паёмро гирифтам, ки муаллифон гуфтан мехоҳанд, чӣ қадар хубанд акои Умар, чандин ҳунар доранд, ба мероси фарҳангӣ арҷ мегузоранд, зиндагии одӣ доранд ва аз ҳама муҳимаш одами хубанд. Ман дуруст дарёфтам? Ҳамаи ин хеле боҳунарона рӯйи навор омадааст ва ибратбахш аст. Аммо ба назар намерасад, ки чунин паём хеле сода аст? Арзиши он чист? Ба Шумо нахоҳанд гуфт, ки чунин Умаракоҳо дар кишвар садҳо ё шояд ҳазорон нафаранд? Умаракои Шумо чӣ кардааст, ки ба ӯ филм бахшида шудааст? Аз ин ҷиҳат бисёр мехостам, паёми филм бузургтар, рушантар ва кӯбандатар бошад.

Агар Умарако ҳунарпешаи хубанд (чун ин касби асосияшон буд ва қисми бузурги умрашонро ба он бахшидаанд), ҳар ҳунарпешаи хуб ақаллан як мухлиси аршад дорад, ки дар бораи ӯ ҳама чиро медонад ва ҳама кори ӯро дунбол мекунад. Мунтазири он будам, ки чунин мухлиси Умарако дар ҷойе аз филм пайдо мешавад ва нақл мекунад, ки чӣ гуна Умарако ҳаёти ӯро рангин кардааст. Шояд ҳампешагону ҳамкоронаш чизе мегуфтанд. Сухани нафари дигар дар бораи қаҳрамон гоҳо аз он чизе, ки худи қаҳрамон дар бораи хеш мегӯяд, пуртаъсиртар буда метавонад. Вагарна нишон додану хондани ифтихорномаҳо дар филм ҳамчун саҳнаи муҷаррад ва камтаъсир (ба назари ман, як андоза ғамангез) намудор мешавад.

Агар Умарако ҳунарпешаи хубанд (филм ҳам аз як саҳнаи бозии он кас сар мешавад), бад набуд, миёни лаҳзаҳои гуногун порчаҳо ё лоақал аксҳое аз ҳунарнамоиҳои давраи ҷавонии он кас дида мешуд. Як навъ пайванди рӯҳ ва тан, ҳунар ва зиндагии ҳаррӯза, оғоз, идома ва поёни филм.

Агар ҳадаф таъкид ба ҳунармандии эшон ва бозии бесобиқаашон нест, тавре дида мешавад, саҳнаҳои дигар бештаранд (ба монанди ҳифзу шунидани қартаҳои қадимӣ, кафшергарӣ, мавҷгирсозӣ, тармими телевизион, хиштрезӣ, вохӯрӣ ба ҳамшаҳриҳо ва моҳигирӣ), пас мебоист, ин роҳ амиқтар мерафт ва фалсафаи ҳаёти он касро пурратар нишон медод. Ҳол он ки мо оилаи он касро намебинем, ҳатто писарашон танҳо анфас дида мешавад. Охир одамро беҳтар аз ҳамсараш кӣ мешиносад, чун ба ҳама талху шириниҳои ҳаёти ӯ шарик буд? Шояд хоҳарашон барҳаёт аст ё дӯсти ҷавонияшон? Дар филм он кас танҳоянд.

Агар ҳадафи ҳиссу руҳи як инсон дар давраи шикастурехти гузариш бошад (пулҳояш дар бонк месӯзанд, аз назди ҳайкали Ленин мегузараду як лаҳза бозмеистад, аз назди ёдгории шаҳидони ҷанг мегузарад…) пас мебоист ин роҳ то охир мерафт. Қаҳрамон бояд аз ҳолу ҳавояш дар ин давра мегуфт ва ҳам аз ҷанге ки дар Тоҷикистон шуд ва ҳам чигуна тавонист, ба низоми нав одат кунад, бо ҳамсолону ҳамтақдиронаш менишасту гузаштаҳоро ёд мекард, шояд дӯсте дошт, ки аз кишвар рафтааст… (иттифоқан қартаҳои қадимӣ ҳам ин ҷо маънии бузургтар касб мекарданд) ва ғайра.

Кӯтоҳи сухан, филми хеле хуб хостааст, ҳамзамон, дар як вақт бо чанд пайроҳа равад, аммо ҳамаро то нисф ё гоҳе зиёдтар аз нисф рафтаасту бозистодааст ва ба пайроҳаи дигар гузаштааст.

Намедонам, имкони азнавсозии филм вуҷуд дорад ё не, зоҳиран кораш ба поён расидааст ва ин фикрҳои ман ба дардатон мехӯранд ё не, шояд наздиктарин роҳ ин аст, ки номи филмро дигар кунед ва ба ин тартиб паёмашро мушаххастар. Яъне на “Умарако”, балки “Маънии будан” ё “Як сарнавишт” ва ё чизе мисли ин. Вале агар имкони навсозӣ ҳаст, аз он метавонед воқеан як шоҳкор созед, чун қаҳрамон, суҳбатҳояш, кадрҳо (яъне кори дурбин) олиянд. Албатта, беҳтар буд, бо ду дурбин гирифта мешуд ё баъзе саҳнаҳо бештар планҳои гуногун медошт. Як ҷо, вақте ки Умарако суруди ҳиндиро ҳамовозӣ мекунад, дурбин танҳо аз як тараф ӯро нишон медиҳад. Олӣ мебуд, агар кадри баъдӣ онро аз пеш ё паҳлуи дигар ба навор мегирифт. Иттифоқан, ин саҳна дароз аст ва ҳаяҷони бештари қаҳрамонро аз оҳанги ҳиндӣ нишон медиҳад, то аз оҳангҳои қадимӣ ва таърихии тоҷикон, ки мегӯяд, фурӯхтани онҳо ба маънои фурӯхтани Ватан аст.

Дар титрҳои оғоз калимаи Advisor иштибоҳан Edvisor омадааст. Дар баъзе порчаҳо (ба камияш дар 2 маврид) титрҳои тарҷума нестанд.

Дар дақиқаи 16 намоиши қолаби хиштрезӣ ба назарам тасодуф тофт, беҳтар буд, гоҳи суҳбаташ дар бораи хиштрезиҳояш гузошта мешуд ва дар тафовут ба ин суҳабаташ аз сухтани пулҳояш дар бонк ва сипас бо набера қадам заданаш дар бозор бо ҳам беҳтар пайванд мегиранд.

Ҳамин буд, фикрҳои банда. Умедворам, аз ман намеранҷед. Агар имкони ислоҳ нест, бигзор ин бардоштҳои саридастии ман дар корҳои ояндаатон ба Шумо кумаке карда бошанд.

Саломат ва сарбаланд бошед!
Бо камоли эҳтиром
Салими Аюбзод
Прог, 27 декабри 2018.”

Ин номаро пурра овардам, чун муҳим аст, ба бардошти нахусти худ нигарам ва ҳоло, гоҳе ки филмро бори дигар дидам ва ҳам чанд ҳафта гузашту намоҳои он дар зеҳнам мечарханд, бубинам, то куҷо андешаҳоям дар бораи он поядору амиқанд. Аз сӯе ҳам, худи Далер хост, ин нома нашр шавад ва шояд дигарон низ дар пиромунаш изҳори назар кунанд.

Ҳоло, пас аз тамоши дигарбораи филми “Умарако”, он ҳам пас аз ду моҳ, андешаҳоям дар бораи он дигар шуданд. Чаро ман хостаам, ки ҳар асаре дар чаҳорчуби меъёру бинишҳои ман бошад? Ман чунин догмапараст ё шахшуда набудам ку! Ҳамеша навҷӯӣ ва навгониҳоро таҷриба мекардам. О ин Далери Имомалӣ низ қолабшиканӣ кардааст, хостааст, аз чизҳои дерина бо шеваи наве, муҳимтар аз ҳама, бо шеваи худ ҳикоят кунад. Магар ман ба синне расидам, ки дигар ин чизҳоро дида наметавонам?

Далерҷони азиз ин эродҳоро орому ботамкин пазируфт, ҳол он ки метавонист, бигӯяд, агар ба чандин роҳу самт рафтааст, ҳамаи онҳо дар як нуқта баҳам меоянд: руҳи инсон, ҷони инсон! Ва рафтанҳо ба чандин самту роҳ ба поён нарасидаанд, идома доранд ва ин шеваи зиндагии Умар-акост, ки ҳар куҷо лаёқаташро дошт, ангуште ба баданаи ҳаёт расонду мерасонад, “меҳнатзода, сириштае аз гили ғам” аст.

Паём? Паём ин аст, ки инсон ва зиндагии ӯро руҳу равонаш месозанд, на низоми сиёсӣ, касбукор, ҳисоби бонкӣ ва ғайра. Ва чунин шахс хушбахт аст, зеро таъйиноти одии худро ба ҷой меорад.

Он эроди ман, ки аз ҳаёти театрии Умар-ако кам ва сарироҳӣ гуфта мешавад, мухлисаш ё ҳамкоронаш аз ҳунару нақшҳои бозидаи ӯ намегуянд, бепоя аст. Агар Далер чунин мекард, хуб, як филми дигари қолабӣ, мисли даҳҳо филми дигар, пайдо мешуд ва ҳам ин корест, ки ақли ҳар филмсозе метавонад, бе машварати ман ҳам, ба он расад ва шуморишҳои беруҳ, шояд лутфу хушомаде рӯйи навор мерехт. Сониян, дар даврае, ки ҳама чиз, аз ҷумла адабиёт ва театр ва фарҳанг фурӯ пошидааст, тамаркуз рӯйи онҳо чӣ дода метавонист. Магар чизе бештар аз он қартаҳои патефон ва ҳасратҳои Умар-ако? Он чиз ки ҳам гуфтам, аҳли хонадонаш чизе бигӯянд, боз ҳам таровише аз зеҳнияти қолабист, ҳоло ҳамин беҳтар аст, ки Умар-ако амалан тани танҳост. Инсон танҳо ба дунё меояд ва гӯри ҳар кас ҷудост. Аммо ин муҳим нест, арҷманд он аст, ки ин шахс умри кутоҳи худро чӣ гуна ба сар мебарад ва аз худ дар ёдҳову дилҳо чӣ нақше мегузорад.

Филм лаҳза, андарз ва манзараҳои нобу дилрас дорад. Танҳо як намо – сӯхтани моҳиҳо дар оташ шояд ба чунин бузургӣ зарурат надошт, боқӣ саҳнаҳо дилнишин ва хотирмонанд. Мусиқӣ хуб баргузида шудааст ва дар лаҳзаҳои муносиб садо медиҳад, лек шояд беҳтар буд, оҳангсозе ба гунаи ҷудогона барои ин филм мусиқӣ меофарид. Ин шояд ба имкониятҳои молӣ бастагӣ дорад.

Ман аксари кулли эродҳои худро пас мегирам ва Далери Имомалиро шодбош мегӯям, ки филми аҷиб ва мондагореро ба вуҷуд овардааст. Зоҳиран, тани танҳо кор кардааст, агар садобардорро ба назар нагирем ва ҳунари баландаш дар наворбардориро ба намоиш гузоштааст. Даҳҳо намое аз ин филм ба аксҳое монанданд, ки дар озмунҳои ҷаҳонии аксбардорон ҷоиза мегиранд.

Арзишмандтар аз ҳама, Далери Имомалӣ дар филми “Умарако” ба тасвири ҷони як инсон даст ёфтааст ва аз гирдгардони саҳнаҳову лаҳзаҳо чеҳраи ҷон ё руҳи як инсонро дар мағзи мо ҳаккокӣ мекунад ва ба наслҳои оянда армуғон мебарад. Бознигарии номаи пешинаи маро ба ҷойи бахшишхоҳии ман бипазирад ва комгорӣ барояш хуҷаста боду роҳаш сафед! Ба ояндаи неки ӯ бовар дорам. Сахт!

Ҳанӯз 30 сол муқаддам конференсияи маданияти сухан дар шаҳри
Душанбе доир гардида буд , аниқтараш 24-25 ноябри соли 1988 дар
Академияи илмҳои Тоҷикистон. Матолиби конфронси мазкур дар
шакли китоби алоҳида соли 1989 аз ҷониби нашриёти “Маориф” таҳти
унвони “Маданияти сухан” зери назар ва таҳрири доктори илми
филолгия, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, профессор Шарофиддин
Рустамов ба табъ расид.
Аз ҷумла дар мақолаи “Орфоэпияи тоҷикӣ ва вазифаҳои он” номзади
илмҳои филология М.Файзов чунин навишта буд: ”Забони адабии
ҳозираи тоҷик мисли дигар забонҳои тараққикардаи дунё шакли хаттӣ
ва гуфторӣ дорад, ки ба яке офография ва дигаре орфоэпия хизмат
мекунад. Орфография маънии дуруст навиштан ва орфоэпия дуруст
талаффуз карданро дорад.
Мушкилоти тадқиқоти илмии орфоэпияро ба риштаи таҳлил кашида
муаллиф аз ҷумла чунин тавсия медиҳад: “ Театр нигоҳбону
тарғиботчии орфоэпия мебошад. Бинобар ин ходимони
таҷрибаандӯхтаи театрро ба сохтани дастуру маҷмӯи қоидаҳои
талаффуз ҷалб намудан аз манфиат холӣ нест”
Воқеан ҳам ситораҳои санъати тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ато
Муҳамадҷонов, Туҳфа Фозилова, Муҳамадҷон Қосимов, Софя
Туйбоева дар гузаштаи начандон дур бо нутқи ҷолиби саҳнавӣ қалби
тамошобинро тасхир менамуданд. Ҳошим Гадоев, Сайрам Исоева,
Фирӯз Умар, Қурбони Собир, Ортиқи Қодир имрӯз ҳам бо садои
нотакрори худ баробари дар саҳна ҳунарнамоӣ кардан, филмҳои
тоҷикиро овоз медиҳанд.
Дар театри Конибодом ки таърихи анқариб 90 сола дорад, ба нутқи
саҳна эътибори хоса медоданд. Санъаткорони асил Солеҳҷон
Холиқов, Мавлуда Обидова дар солҳои шастум, Дилором Баҳромова,
Истад Мамадҷонова дар солҳои 70-ум, Мухтор Ҳайдаров, Юнусали
Эргашев, Дилбар Сулаймонова, Умарали Сатторов дар солҳои 80-уму
90-ум меъёрҳои забони адабии тоҷикиро риоя намуда посдори
орфоэпияи тоҷикӣ дар театр буданд.
Тирамоҳи соли 2008 баъди хатми донишкадаи санъати Тоҷикистон як
гуруҳ ҷавонони ба истеъдод, ки ҳамагӣ 4-5 сол пеш дар студияи
актерони нараси назди театри Конибодом машқи ҳунар мекарданд,
ҳамчун актери касбӣ ба остонаи театр гом ниҳоданд. Ин сегонае ки ба
ҳаёти театр нафаси тоза бахшид. Муҳиддини Музаффар, Фарҳоди
Ғаффорпур ва Ғайрати Қодир бо нерӯи нав ва синаҳои моломоли орзу
даст ба таҳияи спектакли сабки нав заданд. Чунин “найрангҳои
чуҷаҳои нав аз тухм баромада” боиси ҳайрати насли нафақахӯри театр

гардид. Ҳатто раҳбарияти собиқи театр ба талошҳои эҷодии ин
актерони ҷавон бо назари шубҳа менигарист.
Аммо нутқи буррои саҳнавии Муҳиддини Музаффар ва Фарҳоди
Ғаффорпур вақте аз саҳнаи театр на танҳо дар спектакл балки дар
тадбирҳои идонаи шаҳри Конибодом садо дод, лаҷоми саманди театр
ба дасти ин ҷавонон дода шуд.
“Ваҳваҳабонувон”, “Суди девонагон” “Қобил” барин спектаклҳои сатҳи
ҷаҳонӣ театри Конибодомро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Хуб, орфоэпия оё ҳоло дар театри Конибодом риоя мешавад?
Эҳсос мекунам, ки бештар дар нутқи ҳунарпешагон Фарҳоди
Ғаффорпур, Хушнуди Дадо, Нозанин Ҷуразода, тарзи талаффуз риоя
карда мешавад.
Дуруст аст, ки шогирдоне ки асрори нутқи саҳнаро омӯхтаанд, хуб
медонанд, ки театр ҳам як василаи забономӯзӣ ва тарзи сухангӯии
адабӣ мебошад.
Умедворам, ки анъанаи неки тарбияи инсони соҳибзавқ дар театри
Конибодом идома меёбад.

Зайнидин Орифӣ,
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Санаи 13 феврал дар бинои театри шаҳри Конибодом намоишгоҳи мусаввирони ҷавони Тоҷикистон таҳти унвони “Корвони хаёл” оғоз ёфт.

В Канибадамском Театре будет показан работы молодых таджикских художников.

время: с 13 до 20 Февраля (09-00 до 16-00)

Корвони хаёл – Нахустин намоишгоҳи мусаввараҳо дар Театри Конибодом.

Корвони хаёли мусаввирони ҷавони Тоҷикистон – дар намоишгоҳи мусаввараҳои сайёр, ки аз 13 то 20 феврали соли 2019 (аз 09-00 то 16-00) дар Театри Конибодом баргузор мегардад, ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Дар намоишгоҳ баргузидатарин мусаввараҳои 10 тан аз рассомони ҷавони кишвар пешкаши ҳаводорони санъати тасвирӣ карда мешавад. Аз ҷумла:

Наим Мӯъминов,

Далер Усмонов,

Мақсуд Мирмуҳаммадов,

Мизроб Холов,

Евгений Фоменко,

Абдуҷаббор Раҳматов,

Тимур Маҳкамов,

Носир Мӯъминов,

Ғайрат Усмонов,

Фарҳод Сатторов.

Корвони хаёли рассомони ҷавон пас аз Конибодом дар шаҳрҳои Истаравшан ва Бохтар низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд.