Дар бораи ин ки чӣ гуна дар Конибодом театр аз бечорахона ба макони муҳаббат табдил ёфт
Имрўз баҳси асосии театриҳову тамошобинон нафурўхтани чипта барои тамошобини ихтиёрӣ мебошад. Намоиши хуб нест? Тамошочии мо танбал шудааст? Кӣ метавонад дувумиро гунаҳкор кунад? Бо ин суолҳо баҳс дар ВАО чанд соли охир гарм аст. Ягона нафароне, ки ин ҷо бурд доранд ва вазифаашонро иҷро мекунанд инҳо гуруҳи сеюм – рўзноманигоронанд, ки ҳам масъулияти хабаррасониро иҷро мекунанд, ки намоиши нав буду театр бе тамошочӣ ё пур аз тамошочии иҷборӣ ва ҳам бо пур кардани саҳфаҳои хабарӣ ҳақмузд мегиранд. Аммо на ҳамеша нашри чунин хабарҳо ба манфиати театру театриҳост, ҳарчанд ҳама намуди мақолаву гузоришро дар ҷаҳони имрўз PR (таблиғ) мегўянд.
Имрўз аз набудан ё кам будани PR дар театрҳои Тоҷикистон мехоҳем бигўем. Ҷавонони дунёдида ва сафаркардаи театриҳои шаҳри Конибодом қоил мешаванд, ки баъди таҷрибаи даҳсола яке аз иллати асосии ин мушкилро пайдо кардаанд. Яъне, хубу нохуб – дар тамоми те- атрҳои Тоҷикистон маҳсулот истеҳсол мешавад, аммо онро фурўхта наметавонем. Ҳанўз дар системаи шўравӣ мондаем, дар самти фурўши маҳсулот, ба даврони бозаргонӣ натавонистем гуза- риш кунем. Чун дар шўравӣ бахши таблиғ ва PR-и намоишҳо умуман фаъол набуд, нафаре ҳам бо ин вазифа кор намекард ва ҳатто вақти тавлиди намоиш ба ин самт умуман пул ҷудо намешуд. Албатта, ҳаст як нафар бо вазифаи маъмур, ки ў ҳам қудрати ташкил кардани намоишҳо дар корхонаву мактабу боғчаҳоро дорад. Яъне, дасташ то он ҷое дароз аст, ки тамошочии маҷбур онҷ- ост. Боқӣ, дигар тамошочиҳое, ки дар ягон муассисаи давлатӣ кор намекунанд, қариб, ки аз будани театру намоишҳои нави он бехабар мемонанд.
Шояд дигар ҳамкасбон ба дарки ин масъала расида бошанд, ки бояд коре карда маҳсулотро фурўшанд. Аммо чун ба ин самт на маблағ ҷудо мешаваду на имконият, аз ноилоҷӣ ин корро бе анҷом гузоштанд. Дар ин миён ягона дастоварди мо ҳамин аст, ки ба ҷуз актёр будан бо дигар барномаҳои муосири компютерӣ ошно шудем ва истифодаи онҳоро фарох дар кору зиндагӣ ба роҳ мондем. Аввалин қадамҳоро чӣ гуна гузоштем? Бо сохтани постерҳои таблиғотии намоишҳо бо тарҳи нав ва ба талаботи бинандаи имрўз ҷавобгў. Онҳоро то тавонистем дар шабакаҳои интернетӣ таблиғ кардему то ҳол мекунем. Ин мушкилро бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон то ҳол ҳастанд театрҳое, ки намоиш тавлид мешавад ва оддитарин шакли таблиғ – постер надоранд. Дар мавриди таблиғ умуман фикр намекунанд.
То чанд вақт пеш мо таблиғу ташвиқи театрро бе маблағгузорӣ ва аз ҳисоби худ мекардем, чун дарк кардем, ки таблиғу фурўши намоиш вақту заҳмату баъд натиҷааш баробари тавлиди намоиш меистад. Ҳоло ба хулосае омадем, ки шӯъбаи таблиғ ва ташкили намоишҳоро кушоем. Вазифаи коргарони ин шӯъба танҳо таблиғи ҳарчи зиёди намоишҳо ва пайдо кардани роҳҳои фурўшӣ он мебошад. Онҳо бояд дар тамоми ВАО, рўзнома, маҷала, радио, телевизион ва шабакаҳои интернетӣ театрро таблиғ кунанд. Аз тамоми шикасту рехти театр ва дастовардҳои он бояд мардуми шаҳр огоҳ шаванд, тавасути ҳамин шӯъба.
Мо намегўем, ки инак зуд ба мақсади оммавӣ кардани театр расидем. Не, ҳоло ҳам дар шаҳри Конибодом ҳастанд нафароне, ки дар куҷо будани бинои театрро намедонанд. Мо умедворем, ки ин таҷрибаи роҳандохтаамон дар дигар театрҳо ҳам амалӣ мешавад ва онҳо бояд барои таблиғи намоиш аз буҷаи театр пул ҷудо кунанду чунин як шуъбаро боз намоянд. Кормандони шӯъба аз рўзноманигорон иборат аст, ки ҳамеша дар ВАО аз театр менависанд. Нафари дигаре ҳаст дар ин шуъба, ки ў наворбардор – аккос аст ва ҳамаи воқеаҳои дар театр рухмедодаро аксу видео мегирад. Ҳаст нафаре, ки ў аксу видеоҳоро тадвин менамояд. Тамоми маҳсулоти кории ин нафаронро корманди дигари шӯъба бо вазифаи маъмур дар сомонаҳои интернетӣ пахш мена- мояд. Шуъба дар ду самт театрро таблиғ менамояд. Якум, ин ВАО-и рақамӣ ва дуввум ба воситаи ВАО чопӣ. Яъне, тамоми имкониятҳои таблиғро истифода мебарем, ки тамошочии мо дар як ҳафта як маротиба бо театр бархурд дошта бошад. Аз радио мешунавад, аз ТВ мебинад, ё нашрияе чизе навиштааст. Постерҳои кўчагиро пешорўяш мебинад, дар кўча ба ў флайри таблиғи театр медиҳанд ва роҳҳои дигаре боз ҳастанд.
Дуруст, ки гуфтем, шӯъба ба таври расмӣ корро тоза шуруъ кардааст, аммо ин ки дар ҳамин самт мо худфаъолона кор мекардем, аллакай натиҷаҳои ин таблиғҳоро дида истодаем. Имрўзҳо ақалан ду-се нафар ба телефони театр занг зада, намоишро мепурсанд, ки соати чанд ва кадом рўзҳо? Чанд сол пеш касе аз театр намепурсид, ҳоло мардум таваҷҷуҳ мекунанд ва ақаллан, дар бораи театр фикр мекунанду занг зада маълумот гирифтан мехоҳанд.
Мисоли дигар аз таҷрибаи худамон. Даҳ сол пеш вақте ба театр кор омадем, мардум ба мо чун як бечора таваҷҷуҳ карда, қариб ки эҳтиром намекарданд. Ҳоло намегўем, ки нигоҳи марду- ми шаҳри Конибодом куллан тағийр ёфт. Як қисме акнун ба мо чун актёр бо эҳтиром муносибат карда мегузоранд, ки фарзандҳояшон дар театр шогирд истанд. Яъне, ба восиати таблиғи хубу бо сифат нафақат ба тамошобин хабар мерасонему намоишҳоро мефурўшем, балки бо ин роҳ миёни мардум ҳунарманд актёрро улгу, шахсият карда истодаем.
Мисоли дигар. Мо сафарҳои кишварҳои хориҷ кардем ва кишварҳои пешрафтаи Аврупову Осиё буд. Баъди ин барои мардуми шаҳр театр боиси ифтихор шудааст. Ин бино, ин саҳна ва кормандонаш миёни мардум, ки тамошобини асосии мост, аз бечорахона ба макони муҳаббат табдил шуд.
Сӯҳбати комил ва пур аз маълумоту таҳлили мавзўъҳои муҳими рўзи театрро сари шабакаи иҷтимоии телеграмм бо ҳунарманди ҳамин театр Фарҳодҷон Fаффорпур анҷом додем. Чаро махсус ёд кардем, аз шабакаи телеграмм? Аксарияти ҳунармандони солори театрҳои пойхтахт оддитарин барномаи имрўзи интернетро надоранд, ки беҳтаринҳои таблиғи театр мебошад. Чун мебинем, саҳфаҳои актёрҳои кишварҳои ғарбӣ (ҳатто ҳамсоякишварҳо) чӣ қадар аъзои доимӣ доранд, ки аз он миён агар 10 фисадаш ба театр равад, тамошочии даҳрўзаи театр таъмин аст. Ҳоло агар даҳ ҳунарманди театр чунин саҳифа дошта бошанду ҳамин гуна мухлисони худро ҷалб карда, ба театр даъват кунад, пас тамошочии солонаи театр таъмин мегардад. Замони он аст, ки воқеан, сари технолоҷӣ кардани намоишу театрҳо фикр кунем. Ҳанўз бо як таблои эълон ва се занги фоэ театр қаноатманд шуда наистем. Театр имрўз ба таблиғ аз роҳҳои муосир ниёз дорад, ки хушбахтона, дар шаҳри Конибодом ин кор шурӯъ шуд.
Нусха аз мақолаи “Театри мо кай пул меорад?”- и рӯзномаи “ИмрӯзNews”, 15 январи 2019.
Ҷасури Вашгирдӣ